https://sputnik.tj/20220419/rusiya-ruykhat-talafot-ukraina-nashr-1047774528.html
Русия иттилооти нав дар бораи талафоти Украинаро нашр кард
Русия иттилооти нав дар бораи талафоти Украинаро нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия рӯйхати нави талафоти воҳидҳои Украинаро нашр кардааст, ки дар доираи амалиёти низомӣ ба ҳимояи Донбасс расонда шудааст
2022-04-19T16:15+0500
2022-04-19T16:15+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
талафот
рӯйхат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047417455_0:0:1349:759_1920x0_80_0_0_cc3a7b4a968c072cc40c9a85eefa7629.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рӯйхати нави нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия номи низомиёни Горди миллии Украинаро дар бар мегирад, ки кушта ё маҷруҳ шудаанд. Феҳрасти талафоти ҷониби Украина дар саҳифаи "Telegram"-и Вазорати мудофиаи Русия нашр шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин талафот дар воҳидҳои Горди миллии Украина, аз ҷумла дар қисми низомии 3027 то 29 март сабт шудааст. Аз ҷумла дар ин баёния дар бораи кушта шудани 15 нафар, захм бардоштани 55 низомӣ, инчунин шумораи фирориён, ки 57 нафар гуфта мешаванд, иттилое ироа шудааст. Ахиран Вазорати мудофиаи Русия инчунин феҳрасти талафот дар қисми низомии 3057-и Украинаро нашр кард, ки полки неонатсистии "Азов" (алайҳи ҷангиёни он дар Русия парвандаи ҷиноӣ тафтиш мешавад) ба он ворид мешавад. Мақомоти низомии Русия мегӯянд, талафоти бебозгашти ҳуҷҷатгузоришудаи ҷониби Украина беш аз 23,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220419/peshnihod-rusiya-taslim-jangiyon-azovstal-1047772638.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047417455_97:0:1297:900_1920x0_80_0_0_d92d7f1e5910d78f3507018ddf301e94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, рӯйхат, талафот, украина
нашр, рӯйхат, талафот, украина
Русия иттилооти нав дар бораи талафоти Украинаро нашр кард
16:15 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати мудофиаи Русия иттилооти нав дар бораи талафоти воҳидҳои Украинаро нашр кардааст, ки дар доираи амалиёти низомӣ ба ҳимояи Донбасс ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рӯйхати нави нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия номи низомиёни Горди миллии Украинаро дар бар мегирад, ки кушта ё маҷруҳ шудаанд.
Феҳрасти талафоти ҷониби Украина дар саҳифаи "Telegram"-и Вазорати мудофиаи Русия нашр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин талафот дар воҳидҳои Горди миллии Украина, аз ҷумла дар қисми низомии 3027 то 29 март сабт шудааст.
Аз ҷумла дар ин баёния дар бораи кушта шудани 15 нафар, захм бардоштани 55 низомӣ, инчунин шумораи фирориён, ки 57 нафар гуфта мешаванд, иттилое ироа шудааст.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия инчунин феҳрасти талафот дар қисми низомии 3057-и Украинаро нашр кард, ки полки неонатсистии "Азов" (алайҳи ҷангиёни он дар Русия парвандаи ҷиноӣ тафтиш мешавад) ба он ворид мешавад.
Мақомоти низомии Русия мегӯянд, талафоти бебозгашти ҳуҷҷатгузоришудаи ҷониби Украина беш аз 23,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.