https://sputnik.tj/20220419/rushdi-hajmi-mmd-tojikiston-1047769014.html
Рушди 7,5-дарсадии ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон
Рушди 7,5-дарсадии ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли равон 20,2 миллиард сомонӣ (беш аз 1,6 миллиард доллар)-ро ташкил додааст
2022-04-19T14:10+0500
2022-04-19T14:10+0500
2022-04-20T15:18+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ммд
рушд
маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Авесто" дар истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.Дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал саноат (22,1 фоиз) ва савдо (19,6 фоиз) бартарӣ доранд. Ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва анбор дар сохтори ММД 11,7 дарсад ва андоз 12 дарсадро ташкил додааст.Саҳми соҳаи кишоварзӣ, ки дар охири сол одатан дар сохтори ММД бартарӣ дорад, дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 6,4 фоизро ташкил додааст. Ин аз он вобаста аст, ки соли кишоварзӣ тоза шуруъ шудааст. ⠀Тибқи пешгӯиҳо дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар, дар соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,9 фоиз - ба маблағи 103,9 миллиард (8,3 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.⠀Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши шадиди рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар солҳои 2022 ва 2023, мутаносибан ба 5,5 ва 4,5 дарсад пешбинӣ мекунанд.Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҳамчунин пешгӯӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ба далели уфти иқтисодии пешбинишудаи Русия суст хоҳад шуд, аммо дар соли 2023 мизони рушд каме барқарор мешавад.Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд гуфта шудааст, ки пас аз тавсеаи босуръати иқтисод аз 4,5 дарсад дар соли 2020 то 9,2 дарсад дар соли 2021, рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ коҳиш хоҳад ёфт.Тахмин зада мешавад, ки афзоиш дар соли 2023 то 3 дарсадро ташкил медиҳад ва он ҳам аз ҳисоби афзоиши саноат ва кӯмаки шарикони рушд барои дастгирии бахши истеъмолӣ ташаккул хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220408/mmd-tojikiston-afzoish-1047468354.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ммд, рушд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
тоҷикистон, ммд, рушд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Рушди 7,5-дарсадии ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон
14:10 19.04.2022 (Навсозишуда: 15:18 20.04.2022) Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 20,2 миллиард сомонӣ (беш аз 1,6 миллиард доллар)-ро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Авесто" дар истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал саноат (22,1 фоиз) ва савдо (19,6 фоиз) бартарӣ доранд. Ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва анбор дар сохтори ММД 11,7 дарсад ва андоз 12 дарсадро ташкил додааст.
Саҳми соҳаи кишоварзӣ, ки дар охири сол одатан дар сохтори ММД бартарӣ дорад, дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 6,4 фоизро ташкил додааст. Ин аз он вобаста аст, ки соли кишоварзӣ тоза шуруъ шудааст. ⠀
Тибқи пешгӯиҳо дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар, дар соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,9 фоиз - ба маблағи 103,9 миллиард (8,3 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.⠀
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши шадиди рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар солҳои 2022 ва 2023, мутаносибан ба 5,5 ва 4,5 дарсад пешбинӣ мекунанд.
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҳамчунин пешгӯӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ба далели уфти иқтисодии пешбинишудаи Русия суст хоҳад шуд, аммо дар соли 2023 мизони рушд каме барқарор мешавад.
Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд гуфта шудааст, ки пас аз тавсеаи босуръати иқтисод аз 4,5 дарсад дар соли 2020 то 9,2 дарсад дар соли 2021, рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Тахмин зада мешавад, ки афзоиш дар соли 2023 то 3 дарсадро ташкил медиҳад ва он ҳам аз ҳисоби афзоиши саноат ва кӯмаки шарикони рушд барои дастгирии бахши истеъмолӣ ташаккул хоҳад ёфт.