https://sputnik.tj/20220419/qodirov-sana-ozodsozii-azovstal-1047778225.html
Қодиров санаи озодсозии "Азовстал"-ро гуфт
Қодиров санаи озодсозии "Азовстал"-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Чеченистон мегӯяд, то зери назорати пурра гирифтани ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар Мариупол фурсати кам мондаст
2022-04-19T17:00+0500
2022-04-19T17:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
амният ва мудофиа
мариупол
рамазон қодиров
баталони "азов"
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, изҳор дошт, ки дар назар аст, 19 апрел корхонаи "Азовстал"-ро пурра зери назорат гиранд. Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор дошт, ки фурсати каме мондаст, ки Мариупол пурра озод шавад. "Мехоҳам хабари хуш ба онҳое расонам, ки мунтазири сулҳу субот дар ҷумҳурии Украина ҳастанд. Имрӯз бо кумаки Худованд бандериҳоро дар Мариупол торумор мекунему "Азовстал"-ро мегирем. Имрӯз ё пагоҳ, фурсати каме барои ин шайтонҳо мондаст", - гуфт Қодиров.Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Вазорати мудофиаи Русия бори дигар ба нерӯҳои боқимонда дар "Азовстал" пешниҳод кард, ки силоҳашонро гузоранду таслим шаванд. Барои ин муқаррар шудааст, ки то соати 16:00 бо вақти Маскав нерӯҳои Украина аз қаламрави "Азовстал" бо бардоштани парчами сафед берун шаванд. Далели пешниҳоди чунин иқдом, вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст.Қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди таслим кард, аммо онҳо берун нашуданд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220419/shoygu-ima-okhirin-ukrain-jang-kunad-1047774278.html
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурсат, кам, қодиров, азовстал
фурсат, кам, қодиров, азовстал
Қодиров санаи озодсозии "Азовстал"-ро гуфт
17:00 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисиҷумҳури Чеченистон мегӯяд, то зери назорати пурра гирифтани ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар Мариупол фурсати кам мондаст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, изҳор дошт, ки дар назар аст, 19 апрел корхонаи "Азовстал"-ро пурра зери назорат гиранд.
Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор дошт, ки фурсати каме мондаст, ки Мариупол пурра озод шавад.
"Мехоҳам хабари хуш ба онҳое расонам, ки мунтазири сулҳу субот дар ҷумҳурии Украина ҳастанд. Имрӯз бо кумаки Худованд бандериҳоро дар Мариупол торумор мекунему "Азовстал"-ро мегирем. Имрӯз ё пагоҳ, фурсати каме барои ин шайтонҳо мондаст", - гуфт Қодиров.
Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Вазорати мудофиаи Русия бори дигар ба нерӯҳои боқимонда дар "Азовстал" пешниҳод кард, ки силоҳашонро гузоранду таслим шаванд.
Барои ин муқаррар шудааст, ки то соати 16:00 бо вақти Маскав нерӯҳои Украина аз қаламрави "Азовстал" бо бардоштани парчами сафед берун шаванд.
Далели пешниҳоди чунин иқдом, вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст.
Қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди таслим кард, аммо онҳо берун нашуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.