https://sputnik.tj/20220413/nabardi-sarnavishtsoz-donbass-1047609921.html
Набарди сарнавиштсоз барои Донбасс кай сурат мегирад?
Набарди сарнавиштсоз барои Донбасс кай сурат мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба таври усулӣ инфрасохтори низомӣ, мошинҳои зиреҳӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, анборҳои сӯзишворӣ, ҷойҳои тамаркузи захираҳои қувваи... 13.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-13T15:30+0500
2022-04-13T15:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
донбасс
дар русия
ҷанг
амалиёт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/52/1029485281_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d34aeb0e28f5c6b0b5e8c749927942f1.jpg
Ҳадаф аз набардҳои густурдаи гурӯҳи нерӯҳои Русия дар Донбасс аз байн бурдани воҳидҳои ба ҷанг омодатарини қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз байн бурдани воқеияти виртуалии “ғалаба”-и Киев мебошад.Рӯзи 12 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъйид кард, ки амалиёти вижа дар Украина "иқдоми дуруст аст, илоҷи дигаре набуд, ҳадафҳо амалӣ хоҳанд шуд". Ва ӯ таъкид кард: "Табдил додани Украинаро ба як трамплин... зидди Русия оғоз карданд. Онҳо дар он ҷо сабзаҳои миллатгароӣ ва нозигарии ҷадидро, ки муддати тӯлонӣ дар он ҷо буданд, парвариш карданд".Бархӯрд бо Маскав ногузир буд. Вазифаи Русия аз он иборат аст, ки ба ҳама ҳадафҳои гузошташуда бо кам кардани талафот ноил шавад. Аз ин рӯ қувваҳои мусаллаҳи ФР "аз рӯи нақшае, ки дар аввал Ситоди кул пешниҳод карда буд, амал мекунад".Як рӯз пештар намояндаи расмии милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин дар бораи омодагӣ ба муҳосираи омодатарин гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбассро, ки шумори онҳо то 100 000 нафар мерасад, эълон кард. Теъдоди дақиқи низомиёни рус, ки дар ин амалиёт ширкат доранд, маълум нест.Тибқи қонунҳои стратегия ва тактикӣ, ҳамлагарон ба бартарии назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ниёз доранд. Муҳориба дар ҷабҳае, ки паҳнояш тақрибан 200 километр ва ҳамин андоза амиқ аст, вусъат меёбад. Дар ҳар ду ҷониб камаш 250 ҳазор сарбоз ва ҳазорон воҳид техникаи низомӣ ширкат хоҳад кард.Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия танҳо ба инфрасохтори низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Вақти набард асосан омодагии низомиёни украиниро барои марг ба хотири манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва "идеал"-ҳои миллатпарастӣмуайян мекунад. Дар рӯзи даргириҳои оддии 11 апрел талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 1186 нафарро ташкил дод, 12 апрел 1144 ҷангии дигар кушта, захмӣ ва асир гирифта шуд.Ҷанг барои Донбасс, бешубҳа, бо суръати дигар сурат хоҳад гирифт, ки Русия аз силоҳҳои ҳавоӣ, мушакҳои дақиқидорашаванда ва муҳимоти термобарӣ истифода мекунад.Барои Украина ҳатто нигоҳ доштани марзҳои ишғолшуда дар Донбасс муваффақият дониста мешавад. Барои ғалаба Русия бояд боз ҳам пеш равад. Аз ин рӯ мудофиаи қабатии минтақаҳои мустаҳкамшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина,бешубҳа, маҳкум ба нобудӣ ҳастанд.Найрангҳои "кимиёӣ"-и баталонҳои миллӣ ва муроҷиатномаи режими Киев ба ҳоҷагони амрикоияш ҷанги Русияро боздошта наметавонанд. Талафоти назарраси Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро нерӯҳои корӣ, мавҷи "басичи умумӣ" ва кумакҳои низомии кишварҳои ғарбӣ (ИМА ва НАТО) наметавонанд ҷуброн кунанд.Музокироту захираҳо вуҷуд нахоҳанд доштРусия ҳадаф надорад, ки тамоми Украинаро аз рӯи замин нест кунад. Дар остонаи набард дар Донбасс системаи мушакии мофавқуссадои "Ханҷар" як постгоҳи фармондеҳии хубдифоъшудаи гурӯҳи нерӯҳои Украина дар наздикии деҳаи Часов Ярро нобуд кард.Қаблан нерӯҳои ҳавоии Русия бо як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ захираҳои гурӯҳи украиниро, ки ба Донбасс расида буданд, нобуд кардабуданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба таври усулӣ инфрасохтори низомӣ, мошинҳои зиреҳӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, анборҳои сӯзишворӣ ва ҷойҳои тамаркузи захираҳои нерӯи корӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро “пӯшиш” медиҳанд.Теъдоди маҳдуди нерӯҳои Русия дар манотиқ ва шаҳрҳо дар нисбати воҳидҳои украинӣ манёвр ва аз амалиётҳои он ҷилавгирӣ мекунанд. Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ҳаво бартарӣ доранд ва метавонанд ҳама гуна иншооту истеҳкомҳои низомиро дар замин "безарар" кунанд. Зарур нест, ки аскарони пиёда бо мусалсалҳо ҳамла кунанд.Зарбаҳои дақиқ ба "сар" ва системаи логистика, на ба минтақаҳо аз афзалияти тактикӣ, ки нерӯҳои Русия ҳангоми амалиёти махсус онро риоят мекунанд, аст. Афзоиши эҳтимолии ин гуна зарбаҳо дар Донбасс ба муқобили душман (берун аз махалхои аҳолинишин) истифода бурдани мушакҳои ниҳоят пурқувват ва бомбаҳои таркандаро истисно намекунад. Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик шиддати муқовимат зиёд мешавад.Бояд дар назар дошт, ки то 24 феврал артиши Украина беш аз 250 ҳазор нафар низомӣ дошт, баъдан аз ҳисоби басичи умумӣ ва фаъолияти ихтиёриён сафҳои худро (на қувва) афзоиш дод.Режими Киев масъалаи таъйини қонунии шумори нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар сатҳи 500-600 ҳазор нафар баррасӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки нерӯҳои Русия як душманро дар саросари Украина "таъқиб" мекунанд, ки аз нигоҳи шумора бартарии дубаробарӣ дорад.Натиҷаи ҷолиб ин аст: аз оғози амалиёти махсуси низомӣ то субҳи 12 апрел 130 ҳавопаймо, 99 чархбол, 443 ҳавопаймои бесарнишин, 2139 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, 1158 тӯпхона ва 244 системаи мушакии зиддиҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд. Танҳо дар як моҳи аввали ҷангҳо Украина беш аз 14 000 низомии кушта дод.Ҳеҷ кас дар Ғарб шубҳа надошт, ки Русия дар солҳои наздик аз хумпораву мушакҳо тамом намешавад. Агар гурӯҳи 20 000-нафарии ННУ дар Мариупол дар давоми як моҳ иҳота ва нобуд карда шуда бошад, пас артиши 100 000-нафарии Украина дар Донбасси эҳтимол ҳамон қадар зуд нопадид шавад.Пентагон ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки Ситоди кулли Украина нерӯҳои худро аз Шарқ “ба ҷабҳаи дувуми дифоӣ” барорад, то шаҳрҳои бузург – Полтава, Днепропетровск, Запорожеро ҳамчун қалъа истифода баранд.Амрикоиҳо истисмори мардуми осоиштаи Украинаро ба унвони "сипари инсонӣ" асоси устувории ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина медонанд. Бо вуҷуди ин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина омодагии худро ба "амалиёти густурдаи низомӣ" дар Донбасс эълон кард. Устодони амрикоии ӯ омодаанд, ки то охирин украинӣ мубориза баранд.Музокироти Русия ва Украина ба далеле мавқуф гузошта шуд, ки Киев ният дорад, мавқеи худро дар музокира бо пирӯзиҳои бузург "таҳким" кунад.Маскав борҳо ҳушдор додааст, ки созишномаи сулҳ бо шартҳои худ, бо ноил шудан ба нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина, эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва иҷрои як қатор муқаррароти бунёдии дигар баста мешавад.Чӣ қадаре ки режими Киев ба воқеияти шадид баргардад, ҳамон қадар украиниҳо дар майдони набард барои манфиатҳои Амрико ва идеяи фашистии "Украина пеш аз ҳама" мемиранд.Нобуд кардани Русия ва русҳо як барномаи давлатӣ дар имрӯзу ояндаи режими Киев аст, бинобар ин Маскав то охир меравад. Аз сӯйи дигар, ҳангоме ки рӯзи 10 апрел мушаки Русия нисфи бандари азими Николаевро “вайрон” кард, бисёре аз сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа ба ларза афтоданд. Дар ҳар сурат украинҳо пардохт хоҳанд кард. Ва ин танҳо ибтидои нозизудоӣ аст.Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20220412/putin-ukraina-fojia-1047592967.html
https://sputnik.tj/20220323/hasht-sol-tahkhona-taqdir-jabrdida-jang-1047015494.html
https://sputnik.tj/20220410/amaliyot-donbass-rusiya-1047510249.html
https://sputnik.tj/20220412/rusiya-tahqiq-belgorod-1047590611.html
https://sputnik.tj/20220412/qarz-ukraina-shikasti-siyosati-amriko-avrupo-1047582244.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/52/1029485281_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d6da5caabd813665ec9ac48b05aa2040.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
набард сарнавишт украина русия нерӯҳои низомӣ путин донбасс
набард сарнавишт украина русия нерӯҳои низомӣ путин донбасс
Набарди сарнавиштсоз барои Донбасс кай сурат мегирад?
15:30 13.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба таври усулӣ инфрасохтори низомӣ, мошинҳои зиреҳӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, анборҳои сӯзишворӣ, ҷойҳои тамаркузи захираҳои қувваи корӣ ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро "пӯшиш" медиҳанд
Ҳадаф аз набардҳои густурдаи гурӯҳи нерӯҳои Русия дар Донбасс аз байн бурдани воҳидҳои ба ҷанг омодатарини қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз байн бурдани воқеияти виртуалии “ғалаба”-и Киев мебошад.
Рӯзи 12 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъйид кард, ки амалиёти вижа дар Украина "иқдоми дуруст аст, илоҷи дигаре набуд, ҳадафҳо амалӣ хоҳанд шуд". Ва ӯ таъкид кард: "Табдил додани Украинаро ба як трамплин... зидди Русия оғоз карданд. Онҳо дар он ҷо сабзаҳои миллатгароӣ ва нозигарии ҷадидро, ки муддати тӯлонӣ дар он ҷо буданд, парвариш карданд".
Бархӯрд бо Маскав ногузир буд. Вазифаи Русия аз он иборат аст, ки ба ҳама ҳадафҳои гузошташуда бо кам кардани талафот ноил шавад. Аз ин рӯ қувваҳои мусаллаҳи ФР "аз рӯи нақшае, ки дар аввал Ситоди кул пешниҳод карда буд, амал мекунад".
Як рӯз пештар намояндаи расмии милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин дар бораи омодагӣ ба муҳосираи омодатарин гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбассро, ки шумори онҳо то 100 000 нафар мерасад, эълон кард. Теъдоди дақиқи низомиёни рус, ки дар ин амалиёт ширкат доранд, маълум нест.
Тибқи қонунҳои стратегия ва тактикӣ, ҳамлагарон ба бартарии назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ниёз доранд. Муҳориба дар ҷабҳае, ки паҳнояш тақрибан 200 километр ва ҳамин андоза амиқ аст, вусъат меёбад. Дар ҳар ду ҷониб камаш 250 ҳазор сарбоз ва ҳазорон воҳид техникаи низомӣ ширкат хоҳад кард.
Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия танҳо ба инфрасохтори низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Вақти набард асосан омодагии низомиёни украиниро барои марг ба хотири манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва "идеал"-ҳои миллатпарастӣмуайян мекунад. Дар рӯзи даргириҳои оддии 11 апрел талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 1186 нафарро ташкил дод, 12 апрел 1144 ҷангии дигар кушта, захмӣ ва асир гирифта шуд.
Ҷанг барои Донбасс, бешубҳа, бо суръати дигар сурат хоҳад гирифт, ки Русия аз силоҳҳои ҳавоӣ, мушакҳои дақиқидорашаванда ва муҳимоти термобарӣ истифода мекунад.
Барои Украина ҳатто нигоҳ доштани марзҳои ишғолшуда дар Донбасс муваффақият дониста мешавад. Барои ғалаба Русия бояд боз ҳам пеш равад. Аз ин рӯ мудофиаи қабатии минтақаҳои мустаҳкамшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина,бешубҳа, маҳкум ба нобудӣ ҳастанд.
Найрангҳои "кимиёӣ"-и баталонҳои миллӣ ва муроҷиатномаи режими Киев ба ҳоҷагони амрикоияш ҷанги Русияро боздошта наметавонанд. Талафоти назарраси Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро нерӯҳои корӣ, мавҷи "басичи умумӣ" ва кумакҳои низомии кишварҳои ғарбӣ (ИМА ва НАТО) наметавонанд ҷуброн кунанд.
Музокироту захираҳо вуҷуд нахоҳанд дошт
Русия ҳадаф надорад, ки тамоми Украинаро аз рӯи замин нест кунад. Дар остонаи набард дар Донбасс системаи мушакии мофавқуссадои "Ханҷар" як постгоҳи фармондеҳии хубдифоъшудаи гурӯҳи нерӯҳои Украина дар наздикии деҳаи Часов Ярро нобуд кард.
Қаблан нерӯҳои ҳавоии Русия бо як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ захираҳои гурӯҳи украиниро, ки ба Донбасс расида буданд, нобуд кардабуданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба таври усулӣ инфрасохтори низомӣ, мошинҳои зиреҳӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, анборҳои сӯзишворӣ ва ҷойҳои тамаркузи захираҳои нерӯи корӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро “пӯшиш” медиҳанд.
Теъдоди маҳдуди нерӯҳои Русия дар манотиқ ва шаҳрҳо дар нисбати воҳидҳои украинӣ манёвр ва аз амалиётҳои он ҷилавгирӣ мекунанд. Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ҳаво бартарӣ доранд ва метавонанд ҳама гуна иншооту истеҳкомҳои низомиро дар замин "безарар" кунанд. Зарур нест, ки аскарони пиёда бо мусалсалҳо ҳамла кунанд.
Зарбаҳои дақиқ ба "сар" ва системаи логистика, на ба минтақаҳо аз афзалияти тактикӣ, ки нерӯҳои Русия ҳангоми амалиёти махсус онро риоят мекунанд, аст. Афзоиши эҳтимолии ин гуна зарбаҳо дар Донбасс ба муқобили душман (берун аз махалхои аҳолинишин) истифода бурдани мушакҳои ниҳоят пурқувват ва бомбаҳои таркандаро истисно намекунад. Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик шиддати муқовимат зиёд мешавад.
Бояд дар назар дошт, ки то 24 феврал артиши Украина беш аз 250 ҳазор нафар низомӣ дошт, баъдан аз ҳисоби басичи умумӣ ва фаъолияти ихтиёриён сафҳои худро (на қувва) афзоиш дод.
Режими Киев масъалаи таъйини қонунии шумори нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар сатҳи 500-600 ҳазор нафар баррасӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки нерӯҳои Русия як душманро дар саросари Украина "таъқиб" мекунанд, ки аз нигоҳи шумора бартарии дубаробарӣ дорад.
Натиҷаи ҷолиб ин аст: аз оғози амалиёти махсуси низомӣ то субҳи 12 апрел 130 ҳавопаймо, 99 чархбол, 443 ҳавопаймои бесарнишин, 2139 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, 1158 тӯпхона ва 244 системаи мушакии зиддиҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд. Танҳо дар як моҳи аввали ҷангҳо Украина беш аз 14 000 низомии кушта дод.
Ҳеҷ кас дар Ғарб шубҳа надошт, ки Русия дар солҳои наздик аз хумпораву мушакҳо тамом намешавад. Агар гурӯҳи 20 000-нафарии ННУ дар Мариупол дар давоми як моҳ иҳота ва нобуд карда шуда бошад, пас артиши 100 000-нафарии Украина дар Донбасси эҳтимол ҳамон қадар зуд нопадид шавад.
Пентагон ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки Ситоди кулли Украина нерӯҳои худро аз Шарқ “ба ҷабҳаи дувуми дифоӣ” барорад, то шаҳрҳои бузург – Полтава, Днепропетровск, Запорожеро ҳамчун қалъа истифода баранд.
Амрикоиҳо истисмори мардуми осоиштаи Украинаро ба унвони "сипари инсонӣ" асоси устувории ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина медонанд. Бо вуҷуди ин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина омодагии худро ба "амалиёти густурдаи низомӣ" дар Донбасс эълон кард. Устодони амрикоии ӯ омодаанд, ки то охирин украинӣ мубориза баранд.
Музокироти Русия ва Украина ба далеле мавқуф гузошта шуд, ки Киев ният дорад, мавқеи худро дар музокира бо пирӯзиҳои бузург "таҳким" кунад.
Маскав борҳо ҳушдор додааст, ки созишномаи сулҳ бо шартҳои худ, бо ноил шудан ба нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина, эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва иҷрои як қатор муқаррароти бунёдии дигар баста мешавад.
Чӣ қадаре ки режими Киев ба воқеияти шадид баргардад, ҳамон қадар украиниҳо дар майдони набард барои манфиатҳои Амрико ва идеяи фашистии "Украина пеш аз ҳама" мемиранд.
Нобуд кардани Русия ва русҳо як барномаи давлатӣ дар имрӯзу ояндаи режими Киев аст, бинобар ин Маскав то охир меравад. Аз сӯйи дигар, ҳангоме ки рӯзи 10 апрел мушаки Русия нисфи бандари азими Николаевро “вайрон” кард, бисёре аз сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа ба ларза афтоданд. Дар ҳар сурат украинҳо пардохт хоҳанд кард. Ва ин танҳо ибтидои нозизудоӣ аст.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар
"Telegram" пайвандед.