https://sputnik.tj/20220419/eron-tavlidkunandagon-gharb-bozori-rusiya-ivaz-1047764660.html
Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия иваз намояд
Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия иваз намояд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус боварӣ дорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия дар бахши истеҳсоли маводи кимиёии маишӣ иваз намояд
2022-04-19T12:35+0500
2022-04-19T12:35+0500
2022-04-19T12:35+0500
эрон
дар русия
ҳамкорӣ
бозор
ғарб
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/74/1026157415_0:0:3147:1771_1920x0_80_0_0_3a77d578c4aa2406ebd27deedbb20586.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Владимир Обиденов, раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Эрон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки Эрон метавонад як қатор молҳои Ғарбро дар бозори Русия, бахусус дар бахши маводи кимиёии маишӣ ва дорусозӣ иваз намояд."Агар дар бораи Эрон ҳарф бизанем, тоҷирони мо роҳи дигар барои иваз кардани маҳсулоти Ғарбро пайдо хоҳад кард", - гуфт Обиденов.Ба гуфтаи коршинос, барои молҳои рӯзмарра, аз маҳсулоти гигиенӣ барои кӯдакону калонсолон то зарфҳои ошхона, алтернатива пайдо кардан мумкин аст."Ҳамин тавр Эрон навъҳои гуногуни маводи кимиёӣ барои рӯзгорро тавлид мекунад. Агар аз ҷониби Русия таваҷҷуҳ шавад, кишвар метавонад барои чандин колои ғарбӣ ҷойгузин пайдо кунад. Ин раванд вақти зиёде талаб намекунад", - гуфт Обиденов.Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар Эрон тиб, дорусозӣ, сайёҳии тиббӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ хеле рушд кардааст.Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ширкатҳои "Unilever" (бренди "Dove", "Domestos", "Cif", "Axe", "Rexona", "Clean Line", "Black Pearl"), "Procter & Gamble" ("Ariel", "Always", "Head & Shoulders" , "Fairy", "Gillette") ва "Johnson & Johnson" ("Listerine", "Clean & Clear", "Carefree") эълон карданд, ки Русияро тарк мекунанд.
https://sputnik.tj/20220413/saforati-tojikiston-dar-tehron-zaminai-hamkorii-tojikiston-bo-eron-barqaror-ast-1047598547.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/74/1026157415_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_b18460741f959a485be1419ef9700841.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, тавлидкунандагон, ғарб маводи кимёӣ, коршинос
эрон, русия, тавлидкунандагон, ғарб маводи кимёӣ, коршинос
Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия иваз намояд
Коршиноси рус бовар дорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия дар бахши истеҳсоли маводи кимиёии маишӣ иваз намояд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Владимир Обиденов, раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Эрон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки Эрон метавонад як қатор молҳои Ғарбро дар бозори Русия, бахусус дар бахши маводи кимиёии маишӣ ва дорусозӣ иваз намояд.
"Агар дар бораи Эрон ҳарф бизанем, тоҷирони мо роҳи дигар барои иваз кардани маҳсулоти Ғарбро пайдо хоҳад кард", - гуфт Обиденов.
Ба гуфтаи коршинос, барои молҳои рӯзмарра, аз маҳсулоти гигиенӣ барои кӯдакону калонсолон то зарфҳои ошхона, алтернатива пайдо кардан мумкин аст.
"Ҳамин тавр Эрон навъҳои гуногуни маводи кимиёӣ барои рӯзгорро тавлид мекунад. Агар аз ҷониби Русия таваҷҷуҳ шавад, кишвар метавонад барои чандин колои ғарбӣ ҷойгузин пайдо кунад. Ин раванд вақти зиёде талаб намекунад", - гуфт Обиденов.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар Эрон тиб, дорусозӣ, сайёҳии тиббӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ хеле рушд кардааст.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ширкатҳои "Unilever" (бренди "Dove", "Domestos", "Cif", "Axe", "Rexona", "Clean Line", "Black Pearl"), "Procter & Gamble" ("Ariel", "Always", "Head & Shoulders" , "Fairy", "Gillette") ва "Johnson & Johnson" ("Listerine", "Clean & Clear", "Carefree") эълон карданд, ки Русияро тарк мекунанд.