Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон: Заминаи ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон барқарор аст

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран гуфтааст, ки заминаи ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон барқарор аст ва тавсеаи равобити дуҷонибаву таомулоти тиҷорӣ мадди назар аст
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран дар Утоқи бозаргонии Албурз ва зимни боздид аз намоишгоҳи доимии тавонмандиҳои тавлидиву саноатии ин устон изҳор доштааст, ки ин дидору мулоқоти анҷомшуда нақши муҳиме дар тавсеаи равобити дуҷониба, таомулоти тиҷорӣ миёни Албурз, равобити умумии Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Албурзи Эрон дорад.
Корманди сафорат ҳамчунин гуфтааст, ки намоишгоҳи Утоқи бозаргонии Албурз иқдоме муҳим дар ростои муаррифии маҳсулоти тавлидии Албурз аст.

“Дар Албурз ширкатҳои мухталифе, аз ҷумла дар шаҳракҳои саноатӣ мустақаранд, ки боздиди теъдоди андаке аз ин воҳидҳои тавлидиву саноатӣ ҳадди ақал ба як шабонарӯз замон ниёз дорад, аммо дар намоишгоҳи Утоқи бозаргонии Албурз бахшҳои мухталифе аз зарфиятҳои ин устон намоиш дода шудааст”, - гуфт ӯ.

Маъруфҷон Абдураҳмонов дар хусуси зарфиятҳои мавҷуд дар кишвари Тоҷикистон барои содирот ба Эрон гуфт, "дар Тоҷикистон, тибқи барномаи панҷсола, тавсеаи саноат мадди назар аст ва аз ҳоло дар ин самт ҳадафгузорӣ кардаем".
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Далер Ҷумъа: Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхти Эрон ниёз доранд
Дипломати тоҷик бо ишора ба зарфиятҳои хуби содироти алюминий, пахта, ангишт, мева, хушкбор, асал, гиёҳони доруӣ ва ҳамчунин тавлиди нерӯ гуфт, дар канори он Тоҷикистон аз тавлидкунандагони семент аст ва тавлидоти хубе барои содирот дар ин замина дорад ва бо тавваҷуҳ ба ин зарфиятҳо заминаи ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон барқарор аст.
Маъруфҷон Абдураҳмонов аз тоҷирону сармоягузорони эронӣ барои тавсеаи саноат дар Тоҷикистон ва ошноӣ бо зарфиятҳои ин кишвар даъват кард.
“Давлати Тоҷикистон низ омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо фаъолони иқтисодии кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон ба манзури сармоягузорӣ дар он ҷо аст”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0