Даромади буҷаи Тоҷикистон аз нақша бештар шуд

© Sputnik Новое здание Министерства финансов Таджикистана
Новое здание Министерства финансов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз нақшаи тасдиқшуда барзиёд иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 аз 7,1 млрд сомонӣ бештар шуд, хабар дод Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, даромади буҷа нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,5% ё 310 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Таъкид шудааст, ки даромади барзиёд асосан аз ҳисоби андозҳо таъмин гардидааст, ки саҳмашон дар қисмати даромади буҷа 72% будааст. Маврид ба зикр аст, ки ҳиссаи андозҳо дар даромади буҷаи соли 2021 ҳудуди 68%-ро ташкил дода буд.
Танҳо дар 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромадҳои андозӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 18% ё 507 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба буҷаи давлатӣ беш аз 3,3 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 3,4% зиёд мебошад.
Афзоиши даромад асосан аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва андоз аз даромад сурат гирифтаст.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Рушди 7,5-дарсадии ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки аз 1 январи соли равон Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он меъёрҳои пардохтҳои ҳатмӣ ба давлат нисбатан кам шуданд.
Аз ҷумла меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ки беш аз 40%-и даромади буҷа аз ҳисоби андозҳоро таъмин мекунад, аз сатҳи 18 ба 15% фоиз поин рафт.
Дар ҳамин ҳол даромади пешбинишудаи буҷаи Тоҷикистон дар соли 2022 аз нишондоди соли қаблӣ 19,4% бештар мебошад. Қисми даромади буҷа ба маблағи 33 млрд. сомонӣ тасвиб шуда, қисмати хароҷот ҳудуди 623 млн. сомонӣ бештар мебошад.
Касри буҷаи давлатӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ пӯшонида мешавад. Ва ҳамчунин аз ҳисоби қарзу грантҳои созмонҳои молии байналмилалӣ низ.
Дар соли 2022 дар Тоҷикистон маблағгузорӣ тақрибан дар ҳамаи соҳаҳо нисбат ба соли пешӣ афзоиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла харҷи маблағ дар бахши ҳифзи тандурустӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва кишоварзӣ нисбати қаблӣ бештар дар назар аст.
Қисмати аъзами хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ ба бахшҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0