https://sputnik.tj/20220419/barguzorii-hamoishi-sarmoyaguzorii-tojikiston-rusiya-dushanbe-1047757956.html
Баргузории ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” дар Душанбе
Баргузории ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон дар авохири моҳи апрели соли равон ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Русия”, бо ҳузури доираҳои тиҷоратии ду кишвар баргузор мешавад
2022-04-19T09:00+0500
2022-04-19T09:00+0500
2022-04-19T13:15+0500
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
сармоягузорӣ
иқтисод
душанбе
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/10/1029151030_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_c6532878654bddc22d8f1bcbcffb0dac.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” 28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Дар ин бора Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни дидор бо Президенти палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербург Владимир Катенев хабар дод.“Тарафҳо масъалаи иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербург дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия”-ро, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ин дидор масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.Бояд гуфт, дар соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1,3 миллиард доллар гузашт, ки ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил дода буд.Ба гуфтаи Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ - 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус ҳам бештар аст.Дар баробари ин дар Русия маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил додааст.Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220418/barrasi-imkonot-sodiroti-mahsulot-tojikiston-sankt-peterburg-1047755229.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/10/1029151030_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_85be09363a4a92c5a84a599944451698.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, ҳамоиш, русия, сармоягузорон, тиҷорат
тоҷикистон, душанбе, ҳамоиш, русия, сармоягузорон, тиҷорат
Баргузории ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” дар Душанбе
09:00 19.04.2022 (Навсозишуда: 13:15 19.04.2022) Дар пойтахти Тоҷикистон дар авохири моҳи апрели соли равон ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” бо ҳузури доираҳои тиҷоратии ду кишвар баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” 28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни дидор бо Президенти палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербург Владимир Катенев хабар дод.
“Тарафҳо масъалаи иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербург дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия”-ро, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ин дидор масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, дар соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1,3 миллиард доллар гузашт, ки ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.
Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил дода буд.
Ба гуфтаи Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ - 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус ҳам бештар аст.
Дар баробари ин дар Русия маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил додааст.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст.