Баррасии имконоти Тоҷикистон барои содироти мол ба бозорҳои шаҳри Санкт-Петербург

© Посольство РТ в РФВстреча Посла РТ в РФ с губернатором Санкт‑Петербурга
Встреча Посла РТ в РФ с губернатором Санкт‑Петербурга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия зимни дидор бо мақомоти шаҳри Санкт-Петербург масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ахиран ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ дошт, бо губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону шаҳри Санкт-Петербург табодули афкор намуданд.
Тавре котиби масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, сафири Тоҷикистон дар ин мулоқот аз аҳамияти истифодаи зарфияти мавҷуд ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро ёдовар шуд.

“Аз ҷумла масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Санкт-Петербург ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт”, - таъкид кард манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Александр Беглов ба зарурати роҳандозии ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишии таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва Русияро таъкид кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
Ҳамзамон дар ин сафари корӣ сафири Тоҷикистон бо президенти палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербург Владимир Катенев дидор кард.
Дар дидор масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тарафҳо масъалаи иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербург дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия”-ро, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни сафараш ҳамчунин бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.
Лентаи хабарҳо
0