Дар Туркия таркиши мудҳиш рух дод

© AP / Emre TazegulАвтомобиль скорой помощи в Турции, архивное фото
Автомобиль скорой помощи в Турции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Дар яке аз ноҳияҳои Туркия таркиши шадид ба вуқӯъ пайваст. Феълан сокинонро аз бино берун оварданд ва аз шумори қурбониёну захмбардоштаҳо ягон маълумот рӯи даст нест
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар яке аз биноҳои шаҳри Истамбул таркиши шадид рух дод, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.
Ба иттилои нашрияҳо, ҳодиса дар ноҳияи Бейоғлуи Истамбул рух додааст. Гуфта мешавад, ки пас аз таркиш сокинони дар дохили бинобуда фавран кӯчонида шуданд.
Феълан маълум нест, дар биное, ки одамони зиёд он ҷо қарор доштанд чӣ иттифоқ афтодааст. Ҳамчунин дар мавриди ҷонбохтагону ҷароҳатбардоштагон низ маълумот рӯи даст нест.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Инфиҷор дар Бадахшони Афғонистон: омири амнияти толибон захмӣ шуд
Дар ҳамин ҳол, Sputnik Туркия хабар медиҳад, ки эҳтимол дар ин бино кабелҳои зеризаминӣ таркиданд. Гуфта мешавад, пас аз таркиш бино ва атрофи онро дудуи зиёд пӯшонд, аз ин рӯ сокинонро зуд аз дохили бино берун оварданд.
Ҳоло макони таркишро кормандони пулис ва сӯхторнишонон иҳота кардаанд ва мардумро намемонанд, ки ба бино наздик шаванд.
Қаблан маълум шуд, ки рӯзи 18 апрел дар ҷануби Туркия дар Анталия як автобуси сайёҳӣ ба садама дучор шуд. Дар ин садама 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0