Инфиҷор дар Бадахшони Афғонистон: омири амнияти толибон захмӣ шуд

© AFP 2023 / Mohd Rasfan / Wakil KohsarКоллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Манобеи маҳаллӣ дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони таъйид мекунанд, ки тақрибан соати даҳ як инфиҷор дар ин шаҳр рух додааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Манбаъ хабар додааст, ки ахиран дар як тарикиш дар вилояти Бадахшони Афғонистон Мавлавӣ Рашод, омири амнияти толибон дар ин вилоят захмӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мошини ин мақомдори маҳаллии толибон дар маҳаллаи Пули Шаҳиди Сулҳ, Устод Бурҳониддини Раббонӣ, дар шаҳри Файзобод ҳадафи минаи часпакӣ қарор гирифтааст.
Бархе манобеи дигар таъйид мекунанд, ки ду муҳофизи омири амнияти толибон дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Вазорати маорифи толибон: Бозгушоии макотиби духтарона аз салоҳияти роҳбарӣ аст
Аммо мақомоти маҳаллии толибон дар Бадахшон то ҳол дар бораи ҷузъиёти ин таркиш маълумот надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз зуҳри имрӯз як инфиҷор дар сарои Шоҳзодаи Кобул низ сурат гирифт , ки бар асари он, 10 нафар маҷрӯҳ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0