https://sputnik.tj/20220418/tamdid-mahdudiyat-parvoz-furudgoh-rusiya-1047733177.html
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба бархе фурудгоҳҳои Русия
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба бархе фурудгоҳҳои Русия
Sputnik Тоҷикистон
Маҳудияти парвоз ба минтақаҳои ҷанубу маркази Русия, ки дигарбора тамдид карда шуда, масирҳои дигар барои мусофирон пешниҳод шуданд
2022-04-18T13:30+0500
2022-04-18T13:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
парвоз
росавиатсия
фурудгоҳ
маҳдудият
дар русия
нақлиёт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия то 25 -уми апрел тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия"."То 25 апрел, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба 11 фурудгоҳ дар ҷанубу маркази Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод. Дар феҳрасти минтақаҳое, ки парвоз ба фурудгоҳҳояшон мутаваққиф шудааст, аз ҷумла Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд. Ин ниҳод ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд. "Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардидаанд. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220418/rusiya-ghayrinizomisozi-ukraina-1047726637.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият, парвоз, фурудгоҳ, русия
маҳдудият, парвоз, фурудгоҳ, русия
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба бархе фурудгоҳҳои Русия
13:30 18.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Маҳудияти парвоз ба минтақаҳои ҷанубу маркази Русия дигарбора тамдид ва дар иваз масирҳои дигар барои мусофирон пешниҳод шуданд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия то 25 -уми апрел тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
"То 25 апрел, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба 11 фурудгоҳ дар ҷанубу маркази Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Дар феҳрасти минтақаҳое, ки парвоз ба фурудгоҳҳояшон мутаваққиф шудааст, аз ҷумла Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
Ин ниҳод ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардидаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.