Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Бо хоҳиши Эрдуғон нерӯҳои Русия гаравгонҳо дар масҷиди Мариуполро озод кардаанд

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Амалиёти махсус барои озодсозии гаравгонҳо аз масҷид дар Мариупол дар пайи муроҷиати президенти Туркия амалӣ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Нерӯҳои таъйиноти махсуси Русия гаравгонҳоеро, ки аз ҷониби миллатгароҳои украинӣ дар масҷиди туркӣ дар Мариупол нигоҳ дошта мешудаанд, озод кардаанд.
Дар ин бора генерал Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

"Зимни амалиёти ҳамлаӣ барои озодсозии Мариупол бо муроҷиати президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 16 апрел дар ноҳияи Приморе гурӯҳи гаравгонҳо, ки дар масҷиди туркӣ нигоҳ дошта мешуданд, раҳо шуданд", - гуфт генерал.

Ба иттилои Конашенков, нерӯҳои таъйиноти махсуси Русия масҷидро аз муҳосира халос карда, 29 ҷангҷӯ, аз ҷумла хориҷиёнро нобуд карданд.
"Гаравгонҳо, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буданд, озод карда шуда, ба ҷои бехатар интиқол ёфтанд", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки феълан амалиёти нерӯҳои Русия дар Мариупол идома дошта, нерӯҳои украинӣ дар муҳосира қарор гирифтаанд.
Министерство обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия гуфт, чанд ҷангҷӯи хориҷӣ дар Украина аст ва онҳо аз куҷо омадаанд
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0