https://sputnik.tj/20220221/nigaronii-pokiston-huzuri-terroristho-khoriji-afghoniston-1046119150.html
Нигаронии Покистон аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон
Нигаронии Покистон аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Покистон дар Кобул аз ҳузури гурӯҳҳои ҳаросафгани хориҷӣ дар Афғонистон нигарон аст
2022-02-21T21:00+0500
2022-02-21T21:00+0500
2022-02-22T12:33+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
покистон
терроризм
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503477_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_d6665be44d51ac02f66a4e2b8b6c7402.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сафири Покистон дар Афғонистон Мансур Аҳмадхон гуфт, ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ барои Покистон хатар дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "TOLOnews".Мансур Аҳмадхон дар мусоҳиба илова кард, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳузур дорад.Ҳамчунон вай гуфт, шояд боқимондаи гурӯҳи "Ал-қоида" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳам дар кишвар ҳузур дошта бошанд.Дар ин мусоҳиба сафири Покистон дар Кобул аз Таҳрики толибони Покистон (ТТП), шӯришиёни балуч ва бисёре аз гурӯҳҳои дигар, ки ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон ҳузур доранд, ёдовар шуд.Роҳбарони имрӯзаи Афғонистон то ҳол дар робита ба ин масъала изҳори назар накардаанд.Ин дар ҳолест, ки толибҳо борҳо маълумот дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад карданд. Онҳо борҳо гуфтанд, қаламрави Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.Танишҳо миёни Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир бар сари хатти Дюранд бори дигар авҷ гирифтааст. Мақомоти Покистон пофишорӣ доранд, ки барқарории симхор дар марз ба анҷом расад, аммо Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, то кунун ба идомаи эҳсоркашӣ дар имтидоди хатти Дюранд иҷоза надодаанд.*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия
https://sputnik.tj/20220221/afghoniston-bozgashti-ashraf-ghani-ovoza-1046093089.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503477_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_bd4d55c87e1c729e97c283892fdb2ad0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, покистон, терроризм, хатар, хориҷиён
афғонистон, покистон, терроризм, хатар, хориҷиён
Нигаронии Покистон аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон
21:00 21.02.2022 (Навсозишуда: 12:33 22.02.2022) Сафири Покистон дар Кобул аз ҳузури гурӯҳҳои ҳаросафгани хориҷӣ дар Афғонистон нигарон аст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сафири Покистон дар Афғонистон Мансур Аҳмадхон гуфт, ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ барои Покистон хатар дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "TOLOnews".
“Созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ба амнияти он ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Покистон таҳдид мекунанд”, - гуфт сафири Покистон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.
Мансур Аҳмадхон дар мусоҳиба илова кард, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳузур дорад.
Ҳамчунон вай гуфт, шояд боқимондаи гурӯҳи "Ал-қоида" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳам дар кишвар ҳузур дошта бошанд.
Дар ин мусоҳиба сафири Покистон дар Кобул аз Таҳрики толибони Покистон (ТТП), шӯришиёни балуч ва бисёре аз гурӯҳҳои дигар, ки ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон ҳузур доранд, ёдовар шуд.
Роҳбарони имрӯзаи Афғонистон то ҳол дар робита ба ин масъала изҳори назар накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки толибҳо борҳо маълумот дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад карданд. Онҳо борҳо гуфтанд, қаламрави Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Танишҳо миёни Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир бар сари хатти Дюранд бори дигар авҷ гирифтааст. Мақомоти Покистон пофишорӣ доранд, ки барқарории симхор дар марз ба анҷом расад, аммо Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, то кунун ба идомаи эҳсоркашӣ дар имтидоди хатти Дюранд иҷоза надодаанд.
*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия