https://sputnik.tj/20220418/musoidati-namoyandagi-rusiya-bozgardonidani-pul-muhojiron-1047748890.html
Мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия барои бозгардонидани пулҳои муҳоҷирон
Мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия барои бозгардонидани пулҳои муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии вазорати меҳнат дар Русия дар давоми се моҳ аз корфармоён дар ин кишвар ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик беш аз ду миллион рубл баргардонидааст
2022-04-18T19:00+0500
2022-04-18T19:00+0500
2024-01-27T16:47+0500
дар тоҷикистон
бозгардонӣ
пул
муҳоҷират
дар русия
корфармо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044107224_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_fecf072fdcfb1073dbe26ddddae1796e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми се моҳи соли равон ин ниҳоди давлатӣ беш ду миллиону 200 ҳазор рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз ҷониби корфармоён пардохт нашуда буданд, баргардонидааст.Ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра ба дафтари намояндагӣ вобаста ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар қаламрави Русия 49 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.Ҳамзамон намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ имзо кунанд.“Як нусхаи аслии онро дар худ ва нусхаи дигарро ба шуъбаи минтақавии полис оид ба масъалаи муҳоҷиратӣ супоред. Ин амал имконият медиҳад, ки иҷозатномаи фаъолият – патент пас аз итмом расидан муҳлат бидуни убури сарҳад, боз ба як соли дигари меҳнатӣ тамдид ёбад”, - зикр кардааст намояндагӣ.
https://sputnik.tj/20220418/nurullo-mahmadullozoda-barnomasoz-niyoz-dorem-1047739978.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044107224_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a73bd86cb0c31881d37997f2c0c7752e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, бозгардонӣ, пули муҳоҷирон, тоҷик
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, бозгардонӣ, пули муҳоҷирон, тоҷик
Мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия барои бозгардонидани пулҳои муҳоҷирон
19:00 18.04.2022 (Навсозишуда: 16:47 27.01.2024) Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия дар давоми се моҳ аз корфармоён дар ин кишвар ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик беш аз ду миллион рублашонро баргардонидааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми се моҳи соли равон ин ниҳоди давлатӣ беш ду миллиону 200 ҳазор рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз ҷониби корфармоён пардохт нашуда буданд, баргардонидааст.
Ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра ба дафтари намояндагӣ вобаста ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар қаламрави Русия 49 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.
“Дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактикӣ 2203200 рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамзамон намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ имзо кунанд.
“Як нусхаи аслии онро дар худ ва нусхаи дигарро ба шуъбаи минтақавии полис оид ба масъалаи муҳоҷиратӣ супоред. Ин амал имконият медиҳад, ки иҷозатномаи фаъолият – патент пас аз итмом расидан муҳлат бидуни убури сарҳад, боз ба як соли дигари меҳнатӣ тамдид ёбад”, - зикр кардааст намояндагӣ.