https://sputnik.tj/20220418/farmon-putin-marzbon-rusiya-1047749791.html
Фармони Путин барои кафолатҳои иҷтимоӣ ба марзбонҳои Русия
Фармони Путин барои кафолатҳои иҷтимоӣ ба марзбонҳои Русия
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия фармон дар мавриди пешниҳоди кафолатҳои иҷтимоии иловагӣ ба маъмурини марзбонии мақомоти амнияти федералиро ба имзо расонд
2022-04-18T19:20+0500
2022-04-18T19:20+0500
2022-04-18T20:32+0500
дар русия
амният ва мудофиа
марзбон
владимир путин
кафолат
иҷтимоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046139013_0:0:3345:1882_1920x0_80_0_0_6151e58caeea7fff14a667afac980d9d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумаки яквақта ба оилаи корманди мақомоти марзбонии Русия дар сурати фавти низомиён пардохт хоҳад шуд. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба имзо расондааст. Бар асоси фармон, ҳаҷми кумакпулии яквақтӣ барои фавти марзбон дар амалиёти вижа 5 млн. рублро ташкил медиҳад. Кумакпулӣ барои оилаи марзбонҳое пешбинӣ шудааст, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо маконҳои гузарондани амалиёти низомӣ зимни адои вазифаашон ҷон додаанд. Ҳамчунин ба онҳое низ пардохта мешавад, ки як сол баъди хориҷ шуданашон аз мақомоти марзбонӣ дар пайи ҷароҳату беморие, ки зимни иҷрои вазифаҳояшон гирифтаанд, мефавтанд. Зербанди дигари ин фармон муқаррар кардааст, ки марзбонҳои ҷароҳатбардошта кумакпулии яквақтӣ дар ҳаҷми 3 млн. рублро соҳиб хоҳанд шуд. Таъкид шудааст, ки фармони мазкур ба ҳолатҳое рабт доранд, ки баъди 24 феврали соли равон ба вуҷуд меоянд. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220418/qodirov-sukhanon-zelenskiy-muqovimat-posukh-1047731868.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046139013_401:0:3130:2047_1920x0_80_0_0_f233efba56ae3320e20556ec84f3108d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ироа, кафолат, иҷтимоъ, марзбон, русия
ироа, кафолат, иҷтимоъ, марзбон, русия
Фармони Путин барои кафолатҳои иҷтимоӣ ба марзбонҳои Русия
19:20 18.04.2022 (Навсозишуда: 20:32 18.04.2022) Президенти Русия фармон дар мавриди пешниҳоди кафолатҳои иҷтимоии иловагӣ ба маъмурини марзбонии мақомоти амнияти федералиро ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумаки яквақта ба оилаи корманди мақомоти марзбонии Русия дар сурати фавти низомиён пардохт хоҳад шуд.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба имзо расондааст.
Бар асоси фармон, ҳаҷми кумакпулии яквақтӣ барои фавти марзбон дар амалиёти вижа 5 млн. рублро ташкил медиҳад.
Кумакпулӣ барои оилаи марзбонҳое пешбинӣ шудааст, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо маконҳои гузарондани амалиёти низомӣ зимни адои вазифаашон ҷон додаанд.
Ҳамчунин ба онҳое низ пардохта мешавад, ки як сол баъди хориҷ шуданашон аз мақомоти марзбонӣ дар пайи ҷароҳату беморие, ки зимни иҷрои вазифаҳояшон гирифтаанд, мефавтанд.
Зербанди дигари ин фармон муқаррар кардааст, ки марзбонҳои ҷароҳатбардошта кумакпулии яквақтӣ дар ҳаҷми 3 млн. рублро соҳиб хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки фармони мазкур ба ҳолатҳое рабт доранд, ки баъди 24 феврали соли равон ба вуҷуд меоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.