https://sputnik.tj/20211128/bahs-amniyat-tijorat-muloqot-rahmon-erdughon-1043814500.html
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-11-28T18:04+0500
2021-11-28T18:04+0500
2021-11-29T15:03+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
туркия
туркманистон
ҳамкорӣ
мулоқот
сҳи
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2947:1659_1920x0_80_0_0_5029249f1e237399b21f487b8e39b1c1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раҳмону Эрдуғон дар Ишқобод аз ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа гуфтаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид намудаст, ки Туркияро шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ӯ илова намудааст, ки муносибот бо Туркия раванди устувор касб кардаанд. Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ зикр шудааст, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил дод. Ҷонибҳо афзудаанд, ки барои боло бурдани ин нишондод аз имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон васеътар истифода гардад. Инчунин ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар омили муҳими таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.Манбаъ таъкид намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ, муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои марказии дигари ин мулоқот будаанд. Дидори Раҳмон ва Эрдуғон 28 ноябр дар шаҳри Ишқобод дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20211128/tibb-nerugoh-roh-bandar-eron-rahmon-raisi-1043810625.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_51c7d2e959937578d14f55f175fcb21d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, мулоқот, эрдуғон, ҳамкорӣ, сиёсат, тиҷорат, амният
эмомалӣ раҳмон, мулоқот, эрдуғон, ҳамкорӣ, сиёсат, тиҷорат, амният
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
18:04 28.11.2021 (Навсозишуда: 15:03 29.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раҳмону Эрдуғон дар Ишқобод аз ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа гуфтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид намудаст, ки Туркияро шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ӯ илова намудааст, ки муносибот бо Туркия раванди устувор касб кардаанд.
Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ зикр шудааст, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил дод.
Ҷонибҳо афзудаанд, ки барои боло бурдани ин нишондод аз имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон васеътар истифода гардад.
Инчунин ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар омили муҳими таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ, муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои марказии дигари ин мулоқот будаанд.
Дидори Раҳмон ва Эрдуғон 28 ноябр дар шаҳри Ишқобод дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор шуд.