Антонов: Маскаву Вашингтон дигар шарик нестанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБрифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Сафири Русия дар Амрико аз тахриби шарикии Маскаву Вашингтон изҳори таассуф кард. Ӯ зикр намуд, мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфт, Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
"Ҳанӯз мутмаинам, ки мо бояд шарик бошем. Пештар мегуфтам, ки шарик ҳастем. Ҳоло шарик нестем. Афсӯс", - гуфт Антонов.
Вай афзуд, ҳоло сафорати Русия бо Кохи сафед иртиботи фаннӣ дорад, аммо бо мақомоти баландпоя робитаи кофӣ вуҷуд надорад. Илова бар ин ба мактубҳо бо пешниҳоди мулоқот посухи рад дода мешавад.
Бо вуҷуди ин ба эътиқоди сафир, ин вазъ наметавонад то абад идома ёбад ва Маскаву Вашингтон “маҳкум ба ҳамкорӣ ҳастанд”.
"Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҳатто дар чунин шароит, мушкилоти суботи стратегӣ, тағирёбии иқлим, коронавирус, мубориза бо терроризм, мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом бе иштироки фаъолонаи Иёлоти Муттаҳида ва Русия ҳал карда шавад", - гуфт Антонов.
Первый заместитель госсекретаря США Джон Салливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Сафири Амрико дар Русия умедвори эҳёи равобити хуби Маскаву Вашингтон аст
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.
Бисёре аз кишварҳо аз ях бастани дороиҳои Русия хабар доданд ва даъватҳо барои коҳиши вобастагӣ аз манобеъи энержии Русия дар Аврупо баландтар шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели Украина алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0