Вазорати умури дохилии Русия аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон гуфт

© Sputnik / Константин Родиков / Гузариш ба медиабонкРейд миграционного патруля в Москве
Рейд миграционного патруля в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Теъдоди нақзи қоидаҳои вуруд ба ин кишвар ва низоми будубош беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар ду моҳи аввали соли 2022 афзоиши назарраси ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандон ва муҳоҷирони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Вазорати умури дохилии Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди нақзи қоидаҳои вуруд ба кишвар ва режими будубош беш аз ду баробар афзуда, ба 114 дарсади рақамҳои соли 2021 расидааст.

"Маълумоте ки аз мақомоти минтақаии ВУД Русия ба даст омадааст, аз афзоиши самаранокии фаъолияти онҳо дар робита ба муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ашхосе, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд, шаҳодат медиҳад", - тавзеҳ дод департамент.

Тибқи маълумоти ВКД, дар моҳи январи соли 2022 нисбати муҳоҷирон барои нақзи қоидаҳои вуруд ё реҷаи будубош 55,7 ҳазор протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2021 онҳо 26 ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Илова бар ин шумори фактҳои фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ аз 5,5 ҳазор дар соли 2021 қариб 22 фоиз афзуда, дар соли 2022 ба 6,7 ҳазор марид расидааст.
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Теъдоди муҳоҷироне, ки метавонанд Русияро тарк кунанд, маълум шуд
Риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраршуда дар амалисозии баъзе намудҳои фаъолият дар байни шаҳрвандони хориҷӣ низ аз 692 ҳолат дар ду моҳи аввали соли 2021 88 фоиз афзуда, дар ҳамин давраи соли 2022 ба 1,3 ҳазор нафар расидааст.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия ба минтақаҳое ишора карда буд, ки муҳоҷирон дар он ҷо бештар ҷиноят содир мекунанд. Ба ин рӯйхат Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ворид шудаанд.
Дар соли 2021 дар Маскав беш аз 7 ҳазор ҷиноят, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ иштирок доштанд, сабт шудааст. Беш аз 5 ҳазор дар вилояти Маскав ва 3,5 ҳазори дигар дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0