Теъдоди муҳоҷироне, ки метавонанд Русияро тарк кунанд, маълум шуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПассажир в защитной маске в международном аэропорту
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Коршиноси соҳаи муҳоҷират гуфт, ки чӣ қадар шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд Русияро тарк кунанд. Ӯ инчунин дар бораи ташаббуси нави мақомоти Русия сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 16 апрел - Sputnik. Мақомоти Русия бояд дақиқ бидонанд, ки сарҳади давлатро кӣ ва бо кадом мақсад убур мекунад.
Дар ин бора Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ дар суҳбат бо Lenta.ru изҳор дошт.
Ба ин тартиб, вай дар бораи ташаббуси Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мавриди ҷорӣ кардани ҷамъоварии маълумоти биометрии хориҷиён изҳори назар кард.
Крупнов зарурати назорати иловагӣ аз болои ҷараёни муҳоҷират дар Русияро қайд кард.
"Имрӯз касе наметавонад бигӯяд, ки дар як вақт дар Русия чӣ миқдор муҳоҷир ҳузур доранд. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ, ин тақрибан ҳашт миллион нафар аст", - таъкид кард коршинос.
Вай тавзеҳ дод, ки дар ин кишвар бояд тартибот бошад. Илова бар ин, Крупнов дар бораи эҳтимоли хуруҷи хориҷиён аз Русия бар асари таҳримҳо изҳори назар кард.
"Имрӯз миқдори зиёди хориҷшавӣ дар назар нест, бахусус аз замони оғози кори мавсимии тобистона, ки бештари муҳоҷирони корӣ ба он ҷалб мешаванд", - шарҳ дод ӯ.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Даъвати Медведев ба шакли электронӣ гузаронидани хадамоти давлатӣ барои муҳоҷирон
Коршинос афзуд, ки дар "сенарияи душвори иқтисодӣ" 10-15% шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд Русияро тарк кунанд.
Қаблан Медведев пешниҳод карда буд, ки пойгоҳи биометрии шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки ба Русия меоянд, таъсис дода шавад. Дар ҷаласаи комиссияи Шӯрои Амният масъалаи таъсиси системаи ягонаи иттилоотии сабти номи муҳоҷират баррасӣ шуд.
Муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани шаҳрвандии Русия дувум шуданд
Муовини раиси Шӯрои Амният бар ин назар аст, ки бахшҳои марбута дар ин замина бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд, зеро то ҳол омори муътамад ва мукаммал дар бораи теъдоди муҳоҷирони Русияро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 декабри соли 2021 ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба қаламрави Русия ворид мешаванд, муваззаф шуданд, ки изи ангушт супоранд, аксбардорӣ кунанд ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Лентаи хабарҳо
0