https://sputnik.tj/20220416/rahmon-afzoish-istehsol-namak-tojikiston-1047709182.html
Супориши қатъии Раҳмон барои афзоиши истеҳсоли намак дар Тоҷикистон
Супориши қатъии Раҳмон барои афзоиши истеҳсоли намак дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз боздошти муваққатии фаъолияти корхонаи намакбарории ноҳияи Ашт изҳори нигаронӣ карда гуфт, он бояд содиркунандаи асосии намаки кишвар бошад
2022-04-16T21:00+0500
2022-04-16T21:00+0500
2022-04-18T15:09+0500
саноат
истеҳсолот
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101759/71/1017597165_0:202:2925:1847_1920x0_80_0_0_1120467f3593597bea0aa6a69301fe52.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсоли намак дар ноҳияи Ашт изҳори нигаронӣ кард.Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, кишвардор зимни суханрониаш дар назди фаъолони ноҳияи Ашт аз нокифоя будани истеҳсолот сухан гуфт.Президент қайд кард, ки соли 2021 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 254 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба нишондиҳандаи соли 2020-ум баробар мебошад, яъне дар давоми соли гузашта афзоиш наёфтааст.Илова бар ин дар се моҳи аввали соли 2022 аз 31 намуди маҳсулоти саноатии ноҳия истеҳсоли 8 намуди маҳсулот кам шудааст ва 3 намуди маҳсулоти дигар умуман истеҳсол нагардидааст."Аз ҷумла намаки ошӣ, ки ноҳия имкониятҳои зиёди истеҳсол ва содироти онро дорад, бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати иҷозатномаи корхонаи "Намаки Ашт" барои истихроҷу коркард ва сари вақт тамдид нагардидани он умуман истеҳсол нашудааст", - гуфт кишвардор.Бузургтарин корхонаи истеҳсоли намак дар Тоҷикистон аз кор монд: сабабЭмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо дарназардошти захираҳои мавҷуд ноҳияи Ашт бояд содиркунандаи асосии намаки кишвар бошад.Корхонаи мазкур 4 апрели соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолиро оғоз намуд ва ҳоло лоиҳаи қарори ҳукумат доир ба додани иҷозатнома аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардидааст.Баъди ҳафт моҳи қулфбандӣ: "Намаки Ашт" дубора ба кор сар кардДар ин росто Вазорати саноат ва технологияҳои нав мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт вазифадор шуданд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷу истеҳсоли намак ва содироти он тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101759/71/1017597165_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_ae9540739655a797946d5c016ae79ab7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истеҳсоли намак, тоҷикистон, коҳиш
истеҳсоли намак, тоҷикистон, коҳиш
Супориши қатъии Раҳмон барои афзоиши истеҳсоли намак дар Тоҷикистон
21:00 16.04.2022 (Навсозишуда: 15:09 18.04.2022) Президенти Тоҷикистон аз таътили муваққати фаъолияти корхонаи намакбарории ноҳияи Ашт изҳори нигаронӣ карда гуфт, он бояд содиркунандаи асосии намаки кишвар бошад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсоли намак дар ноҳияи Ашт изҳори нигаронӣ кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, кишвардор зимни суханрониаш дар назди фаъолони ноҳияи Ашт аз нокифоя будани истеҳсолот сухан гуфт.
Президент қайд кард, ки соли 2021 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 254 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба нишондиҳандаи соли 2020-ум баробар мебошад, яъне дар давоми соли гузашта афзоиш наёфтааст.
Илова бар ин дар се моҳи аввали соли 2022 аз 31 намуди маҳсулоти саноатии ноҳия истеҳсоли 8 намуди маҳсулот кам шудааст ва 3 намуди маҳсулоти дигар умуман истеҳсол нагардидааст.
"Аз ҷумла намаки ошӣ, ки ноҳия имкониятҳои зиёди истеҳсол ва содироти онро дорад, бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати иҷозатномаи корхонаи "Намаки Ашт" барои истихроҷу коркард ва сари вақт тамдид нагардидани он умуман истеҳсол нашудааст", - гуфт кишвардор.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо дарназардошти захираҳои мавҷуд ноҳияи Ашт бояд содиркунандаи асосии намаки кишвар бошад.
"Вале дар се соли охир содироти он босуръат коҳиш ёфта, аз 2,1 ҳазор тоннаи соли 2019 ҳамагӣ ба 78 тонна дар соли 2021 расидааст", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Корхонаи мазкур 4 апрели соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолиро оғоз намуд ва ҳоло лоиҳаи қарори ҳукумат доир ба додани иҷозатнома аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардидааст.
Дар ин росто Вазорати саноат ва технологияҳои нав мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт вазифадор шуданд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷу истеҳсоли намак ва содироти он тадбирҳои фаврӣ андешанд.