Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ ҳушдор дод, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд

© Pexels/CDCКоронавирус
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд ва аз ин таҷриба бояд сабақ омӯхт
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Роҳбари СҶБ Тедрос Адҳаном Гебрейесус гуфт, ки COVID-19 "комилан" охирин пандемия нахоҳад буд.
Ӯ гуфт, эҳтимоли сар задани маризиҳои нав вуҷуд дорад ва миқёси талафот аз бемориҳои нав аз он вобаста аст, ки одамон дарси пандемияи кунуниро чӣ гуна меомӯзанд.
"Мутлақо мутмаинам, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд. Аммо эҳтимоли рух додани бемории нав мавҷуд аст. Мо бояд дарси ин пандемияро омӯзем", - гуфт роҳбари СҶБ.
Зарур аст, ки тавлиди ваксина, хусусан дар мамлакатҳое, ки даромади миёна ва паст доранд, зиёд карда шавад.
Лечение пациентов с Covid-19 в красной зоне больницы города Рассказово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия доруи нав алайҳи коронавирус сабти ном шуд
Илова бар ин зарурати сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ, махсусан кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои ошкор кардани бемориҳо ва пешгирии онҳо, таҳкими сохтори глобалии пешгирӣ ва вокуниш ба пандемия вуҷуд дорад.
Тавре ки ӯ қайд кард, аз COVID-19 зиёда аз 6 миллион нафар фавтиданд, системаҳои тандурустӣ хароб шуданд.
"Бори аввал дар ин аср афзоиши шумораи одамонеро, ки зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, мушоҳида кардем", - гуйфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0