Тоҷикистон содироти сементро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкЦементный завод, архивное фото
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли семент сол то сол меафзояд, талаботи дохилии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маҳсулоти худӣ пурра қонеъ гардонда мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ҳаҷми содироти сементро афзоиш диҳад.
Инак, дар давоми 2 сол фурӯши маҳсулот бояд дар сол ба 2 миллион тонна бирасад.
Чунин маълумот аз пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2022-2024 бармеояд.
Бино ба додаҳо, афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Зимнан, пешбинӣ шуда, ки истеҳсоли умумии ин масолеҳи сохтмонӣ то ба 7 миллион тонна расонида мешавад.
Намояндагони соҳаи саноатӣ мегӯянд, ки иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли семент ҳамасола меафзояд.
Аммо дар баробари афзоиши истеҳсолот талаботи дохилии кишвар ба масолеҳи бинокорӣ низ меафзояд, ки онро истеҳсолоти худӣ конеъ мегардонад.
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Ғизо, либос, газ гарону гаҷу семент арзон: тағйироти солонаи нарх дар Суғд
Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент тавлид шудааст. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна сементи умумии тавлидшуда ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр семент"-и Суғд мебошанд.
Қаблан Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар дода буд, ки афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 2 моҳи аввали соли 2022 нисбат ба соли 2021 беш аз 12 дарсадро ташкил додааст.
Тоҷикистон дар соли 2021 бештар санги қиматбаҳо содир кардааст
Ин тақрибан 6,3 миллиард сомонӣ (502,1 миллион доллар) аст. Ҳамин тариқ дар вилояти Суғд аз аввали соли 2022 40 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор даромадааст.
Тибқи нақша, соли 2022 мақомоти вилоят бунёди 145 корхонаи нави истеҳсолиро ба роҳ хоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0