https://sputnik.tj/20220216/ghizo-libos-gaz-garon-gaju-sement-taghyirot-sughd-1045942709.html
Ғизо, либос, газ гарону гаҷу семент арзон: тағйироти солонаи нарх дар Суғд
Ғизо, либос, газ гарону гаҷу семент арзон: тағйироти солонаи нарх дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, тайи як соли охир кадом намуди маҳсулот гарон шудаанду нархи кадом навъи мол поин рафтааст
2022-02-16T19:00+0500
2022-02-16T19:00+0500
2022-02-16T20:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
суғд
озуқаворӣ
маҳсулот
нархи қимат
арзон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/34/1027603463_0:59:2943:1714_1920x0_80_0_0_e54e18cd9de844e3dd138c95613021e4.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти омори Суғд мегӯянд, тайи як соли охир шохиси нархҳо ба 111,1% баробар шудааст. Ба иттилои манбаъ, нишондоди нархи озуқаворӣ ба 112,1%, молҳои ғайриозуқа 111,8% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 107%-ро ташкил медиҳад. Идораи омори Суғд гуфт, тайи соли гузашта дар вилоят нархи шакар 9,7%, сабзӣ 10,2%, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ 15,2%, картошка 11,7%, орди навъи якум 19,7%, мош 22%, рӯғани офтобпараст 22,8%, рӯғани пахта 28,4%, шир ва маҳсулоти ширӣ 41,6%, карам 2,2% гарон шудааст. Дар баробари ин бархе намуди озуқа арзон ҳам шудааст. Аз ҷумла нархи биринҷ 1,7%, тухм 10,%, бехпиёз 12,4%, себ 16,9% ва ангур 71,2% поин рафтааст. Аз ҷумлаи молҳои ғайриозуқа, ки тайи соли гузашта ба таври назаррас қимат шудаанд, гази моеъ ва бензин гуфта мешавад, ки 1,7 баробар нархашон боло рафтааст. Инчунин нархи либос 5,8%, мебел 6,7%, доруворӣ 5,3% афзудааст. Дар феҳрасти молҳои арзоншуда гаҷ (9%), хишти пухта (3,5%), семент (3,5%) зикр гардидаанд. Мақомот дар мавриди арзиши хидматрасониҳо дар Суғд низ изҳор доштанд, ки тайи соли гузашта майли болоравӣ дошт. Аз ҷумла ҳаққи хидматрасониҳои маишӣ 10,5%, тандурустӣ 11,4% ва нақлиёти мусофиркаш 1,5% бештар шудааст. Дар маҷмуъ мақомот суръати моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолиро тайи соли гузашта 0,7% арзёбӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220216/naqsha-jamovari-pakhta-sughd-ijro-1045938672.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/34/1027603463_146:0:2761:1961_1920x0_80_0_0_d5637cca5adf8e41f2a96f020130205b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғизо, либос, гаҷ, нарх, арзон, гарон, суғд
ғизо, либос, гаҷ, нарх, арзон, гарон, суғд
Ғизо, либос, газ гарону гаҷу семент арзон: тағйироти солонаи нарх дар Суғд
19:00 16.02.2022 (Навсозишуда: 20:34 16.02.2022) Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, тайи як соли охир кадом намуди маҳсулот гарон шудаанду нархи кадом навъи мол поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти омори Суғд мегӯянд, тайи як соли охир шохиси нархҳо ба 111,1% баробар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нишондоди нархи озуқаворӣ ба 112,1%, молҳои ғайриозуқа 111,8% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 107%-ро ташкил медиҳад.
Идораи омори Суғд гуфт, тайи соли гузашта дар вилоят нархи шакар 9,7%, сабзӣ 10,2%, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ 15,2%, картошка 11,7%, орди навъи якум 19,7%, мош 22%, рӯғани офтобпараст 22,8%, рӯғани пахта 28,4%, шир ва маҳсулоти ширӣ 41,6%, карам 2,2% гарон шудааст.
Дар баробари ин бархе намуди озуқа арзон ҳам шудааст. Аз ҷумла нархи биринҷ 1,7%, тухм 10,%, бехпиёз 12,4%, себ 16,9% ва ангур 71,2% поин рафтааст.
Аз ҷумлаи молҳои ғайриозуқа, ки тайи соли гузашта ба таври назаррас қимат шудаанд, гази моеъ ва бензин гуфта мешавад, ки 1,7 баробар нархашон боло рафтааст. Инчунин нархи либос 5,8%, мебел 6,7%, доруворӣ 5,3% афзудааст.
Дар феҳрасти молҳои арзоншуда гаҷ (9%), хишти пухта (3,5%), семент (3,5%) зикр гардидаанд.
Мақомот дар мавриди арзиши хидматрасониҳо дар Суғд низ изҳор доштанд, ки тайи соли гузашта майли болоравӣ дошт. Аз ҷумла ҳаққи хидматрасониҳои маишӣ 10,5%, тандурустӣ 11,4% ва нақлиёти мусофиркаш 1,5% бештар шудааст.
Дар маҷмуъ мақомот суръати моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолиро тайи соли гузашта 0,7% арзёбӣ намудаанд.