https://sputnik.tj/20220415/tedod-korkhona-asfaltbarori-sughd-1047661411.html
Теъдоди корхонаҳои асфалтбарорӣ дар Суғд ба 14 адад расид
Теъдоди корхонаҳои асфалтбарорӣ дар Суғд ба 14 адад расид
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи нави тавлиди асфалт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо гази табиӣ фаъолият дошта, метавонад адр як соат 120 тонна маҳсулот истеҳсол кунад
2022-04-15T09:55+0500
2022-04-15T09:55+0500
2022-04-15T12:28+0500
дар тоҷикистон
саноат
тавлид
роҳ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102170/57/1021705774_0:255:3187:2048_1920x0_80_0_0_318be7ee039f3d0f4c4e2673e979503d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи нави асфалтбарории "Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бунёд гардидаст. Таъкид шудааст, ки ин корхона дар масоҳати як гектар бо насби технологияи муосир ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ фаъол карда шудааст. "Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лулаҳои газӣ кашида шудааст", - омадааст дар иттилоия. Дар марҳилаи аввал маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ муқаррар гардида, интизор меравад, ки он минбаъд афзоиш хоҳад ёфт. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд, таъкид кард манбаъ. Зикр шудааст, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.Мушаххассан дар мавриди корхонаҳои тавлиди асфалт илова гардид, ки феълан дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъоланд, ки дар таъмиру тармими роҳҳои мошингарди минтақа саҳм мегузоранд.
https://sputnik.tj/20220414/tojikiston-sodirot-pakhta-kohish-1047641629.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102170/57/1021705774_228:0:2959:2048_1920x0_80_0_0_279ef11dcbcf648af7ba408a58cb521b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаъолсозӣ, корхона, асфалтбарорӣ, суғд
фаъолсозӣ, корхона, асфалтбарорӣ, суғд
Теъдоди корхонаҳои асфалтбарорӣ дар Суғд ба 14 адад расид
09:55 15.04.2022 (Навсозишуда: 12:28 15.04.2022) Корхонаи нави тавлиди асфалт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо гази табиӣ фаъолият дошта, метавонад дар як соат 120 тонна маҳсулот истеҳсол кунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи нави асфалтбарории "Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бунёд гардидаст.
Таъкид шудааст, ки ин корхона дар масоҳати як гектар бо насби технологияи муосир ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ фаъол карда шудааст.
"Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лулаҳои газӣ кашида шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Дар марҳилаи аввал маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ муқаррар гардида, интизор меравад, ки он минбаъд афзоиш хоҳад ёфт.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд, таъкид кард манбаъ.
Зикр шудааст, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Мушаххассан дар мавриди корхонаҳои тавлиди асфалт илова гардид, ки феълан дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъоланд, ки дар таъмиру тармими роҳҳои мошингарди минтақа саҳм мегузоранд.