https://sputnik.tj/20220414/tojikiston-sodirot-pakhta-kohish-1047641629.html
Тоҷикистон содироти пахтаро коҳиш медиҳад
Тоҷикистон содироти пахтаро коҳиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи пешгӯиҳои нави иқтисодии кишвар, содироти нахи пахтаи тоҷик дар 3 соли оянда тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт ва кишвар тасмим дорад, коркарди онро дар дохил зиёд созад
2022-04-14T14:50+0500
2022-04-14T14:50+0500
2022-04-14T18:17+0500
содирот
иқтисод
пахта
дар тоҷикистон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/01/1020740156_0:0:2717:1528_1920x0_80_0_0_250ac98c8ce8bc866d1e5f7601745703.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024, фурӯши пахтаи ватаниро коҳиш медиҳад.Ҳамин тариқ дар 3 соли оянда ҳаҷми содирот 20 ҳазор тонна кам карда мешавад. Тибқи пешгӯии иқтисоддонҳо, дар соли 2022 содироти 60 ҳазор тонна нах, ба маблағи 89,9 миллион доллар дар назар аст.Зимнан аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳудуди 21 ҳазор тонна нахи пахта, ба маблағи беш аз 52,5 миллион долларро ба хориҷ содир кардааст. Дар мавриди ҷуғрофиёи содироти пахтаи тоҷик гуфта мешавад, онро асосан кишварҳои Аврупо ва Осиё мехаранд. Тибқи омор, дар соли 2021 388,8 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ шудааст. Бояд гуфт, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ фаъолият мекунад.Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 70 ҳазор тонна ашёи хом аст. Аммо дар баробари ин ҳамаи ин корхонаҳо соле ҳамагӣ 20 ҳазор тонна ашёи хомро коркард мекунанд. Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 беш аз 12 дарсадро ташкил додааст. Ин тақрибан 6,3 миллиард сомонӣ (502,1 миллион доллар) аст. Соли гузашта ашёи хом аз ҳама бештар содир шуда буд. Маҳсулоти маъмултарини тоҷикӣ металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо буданд. Дар ҷои дуюм маъданҳои фоиданок ва контсентратҳо ва баъдан пахтаю алюминий меистанд.
https://sputnik.tj/20220406/tojikiston-furushi-pakhta-daromad-1047389765.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/01/1020740156_11:60:2583:1989_1920x0_80_0_0_4d1d26057400f3fce63cb711c7a486bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон содирот пахта коҳиш
тоҷикистон содирот пахта коҳиш
Тоҷикистон содироти пахтаро коҳиш медиҳад
14:50 14.04.2022 (Навсозишуда: 18:17 14.04.2022) Тибқи пешгӯиҳои нави иқтисодии кишвар, содироти нахи пахтаи тоҷик дар 3 соли оянда тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт ва кишвар тасмим дорад, коркарди онро дар дохил зиёд кунад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024, фурӯши пахтаи ватаниро коҳиш медиҳад.
Ҳамин тариқ дар 3 соли оянда ҳаҷми содирот 20 ҳазор тонна кам карда мешавад.
Тибқи пешгӯии иқтисоддонҳо, дар соли 2022 содироти 60 ҳазор тонна нах, ба маблағи 89,9 миллион доллар дар назар аст.
"Ин рақам дар соли 2023 50 ҳазор тонна - 78,6 миллион доллар ва дар соли 2024 аллакай 40 ҳазор тонна - 66,1 миллион доллар хоҳад буд", - менависад хабаргузории "Авеста".
Зимнан аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳудуди 21 ҳазор тонна нахи пахта, ба маблағи беш аз 52,5 миллион долларро ба хориҷ содир кардааст.
Дар мавриди ҷуғрофиёи содироти пахтаи тоҷик гуфта мешавад, онро асосан кишварҳои Аврупо ва Осиё мехаранд. Тибқи омор, дар соли 2021 388,8 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ шудааст.
Бояд гуфт, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ фаъолият мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 70 ҳазор тонна ашёи хом аст. Аммо дар баробари ин ҳамаи ин корхонаҳо соле ҳамагӣ 20 ҳазор тонна ашёи хомро коркард мекунанд.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 беш аз 12 дарсадро ташкил додааст. Ин тақрибан 6,3 миллиард сомонӣ (502,1 миллион доллар) аст.
Соли гузашта ашёи хом аз ҳама бештар содир шуда буд. Маҳсулоти маъмултарини тоҷикӣ металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо буданд. Дар ҷои дуюм маъданҳои фоиданок ва контсентратҳо ва баъдан пахтаю алюминий меистанд.