https://sputnik.tj/20220412/tojikiston-voridot-shakar-afzoish-1047576985.html
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҷумҳурӣ лозим аст, ки хариди шакарро, ки ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои саноати коркард зарур аст, зиёд кунад
2022-04-12T17:20+0500
2022-04-12T17:20+0500
2022-04-12T18:26+0500
дар тоҷикистон
шакар
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/82/1020748246_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_e82f235f5660427fe578fe110ba04a7a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар се соли оянда Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки воридоти шакарро афзоиш диҳад. Ин маълумот дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар оварда шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста". Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин навъи маҳсулот беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Барои соли 2022 ин рақам 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Ин афзоиши воридот ба афзоиши шумори аҳолӣ ва ниёз ба саноати коркард вобаста гуфта мешавад. Аз ҷумла шакар дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба миқдори зиёд лозим аст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2021 воридоти шакар беш аз 162,1 ҳазор тонна, ба маблағи 86,2 миллион долларро ташкил додааст. Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид доштанд. Барои ин пеш аз ҳама майдонҳои калони парвариши лаблабӯ ва танҳо дар он сурат сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ имконпазир мегардад.
https://sputnik.tj/20220412/savdo-khoriji-sughd-rekord-afzoish-1047568126.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/82/1020748246_0:0:2732:2049_1920x0_80_0_0_05da0933890a582d2d66ff2e153e1077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон воридот шакар афзоиш
тоҷикистон воридот шакар афзоиш
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
17:20 12.04.2022 (Навсозишуда: 18:26 12.04.2022) Тоҷикистонро зарур аст, харидории шакарро, ки ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои коркард зарур аст, зиёд кунад, зеро зиёдшавии аҳолӣ ва рушди саноат ин талабро пеш овардааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар се соли оянда Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки воридоти шакарро афзоиш диҳад.
Ин маълумот дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар оварда шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин навъи маҳсулот беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Барои соли 2022 ин рақам 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Ин афзоиши воридот ба афзоиши шумори аҳолӣ ва ниёз ба саноати коркард вобаста гуфта мешавад. Аз ҷумла шакар дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба миқдори зиёд лозим аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2021 воридоти шакар беш аз 162,1 ҳазор тонна, ба маблағи 86,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид доштанд.
Барои ин пеш аз ҳама майдонҳои калони парвариши лаблабӯ ва танҳо дар он сурат сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ имконпазир мегардад.