https://sputnik.tj/20220415/narkh-gaz-moe-sughd-suzishvori-1047686712.html
Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?
Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз болоравии якбора дар минтақаи шимолии ҷумҳурӣ коҳиши мунтазами арзиши гази моеъ мушоҳида мешавад
2022-04-15T20:20+0500
2022-04-15T20:20+0500
2022-04-15T20:20+0500
дар тоҷикистон
гази моеъ
хуҷанд
бензин
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032929415_0:103:3001:1791_1920x0_80_0_0_1a1de082c693821efeaafcb204744169.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати гази моеъ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сомонаи маҳаллии "Sugdnews" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир қимати ин навъи сӯзишворӣ боз 20 дирам арзон шудааст. Ҳамин тавр рӯзи 15 апрел гази моеъ бо нархи 6,2 сомонӣ фурӯхта шудааст. Ду рӯз пеш ин навъи сӯзишворӣ бо қимати 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд. Дар ҳамин ҳол, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир монда, сокинон бо нархи қаблӣ сӯзишворӣ мегиранд.Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр арзиши бензини АИ-92 11 сомонӣ, бензини АИ-95 11,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки болоравии нави нархи сӯзишворӣ ва рӯғанҳои молиданӣ аз нимаи моҳи март оғоз шуда, арзиши бензини АИ-92 то 12,00 сомонӣ, бензини АИ-95 12,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ боло рафта буд.Қаблан, дар пасманзари поин рафтани қурби доллар дар маркази маъмурии шимоли ҷумҳурӣ коҳиши нархи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст.Тибқи иттилои хадамоти гумруки кишвар, дар соли 2021 беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид шудааст.Дар ин давра 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид карда шудааст. Тоҷикистон умдатан аз Русия ва Қазоқистон бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ворид мекунад.Қобили зикр аст, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 60 дарсади мошинҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Ин навъи маводи сӯхт дар муқоиса бо бензин арзонтар аст.
https://sputnik.tj/20220408/tasmimi-tojikiston-kharidori-nim-million-tonna-gazi-moe-1047462407.html
https://sputnik.tj/20220412/bozor-tojikiston-narkh-navbat-bankomat-1047564141.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032929415_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_d4921cc4c2be572b31a0921e13114a6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх газ моеъ суғд сӯзишворӣ
нарх газ моеъ суғд сӯзишворӣ
Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?
Пас аз болоравии якбора дар минтақаи шимолии ҷумҳурӣ коҳиши мунтазами арзиши гази моеъ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати гази моеъ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сомонаи маҳаллии "Sugdnews" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир қимати ин навъи сӯзишворӣ боз 20 дирам арзон шудааст.
Ҳамин тавр рӯзи 15 апрел гази моеъ бо нархи 6,2 сомонӣ фурӯхта шудааст. Ду рӯз пеш ин навъи сӯзишворӣ бо қимати 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар ҳамин ҳол, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир монда, сокинон бо нархи қаблӣ сӯзишворӣ мегиранд.
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр арзиши бензини АИ-92 11 сомонӣ, бензини АИ-95 11,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки болоравии нави нархи сӯзишворӣ ва рӯғанҳои молиданӣ аз нимаи моҳи март оғоз шуда, арзиши бензини АИ-92 то 12,00 сомонӣ, бензини АИ-95 12,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ боло рафта буд.
Қаблан, дар пасманзари поин рафтани қурби доллар дар маркази маъмурии шимоли ҷумҳурӣ коҳиши нархи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти гумруки кишвар, дар соли 2021 беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид шудааст.
Дар ин давра 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид карда шудааст.
Тоҷикистон умдатан аз Русия ва Қазоқистон бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ворид мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 60 дарсади мошинҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Ин навъи маводи сӯхт дар муқоиса бо бензин арзонтар аст.