https://sputnik.tj/20220415/kumita-andoz-tojik-somoni-andoz-1047666734.html
Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд
Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз шаҳрвандон бидуни сабти расмӣ ва пардохти андоз, бо истифода аз интернет ба тиҷорату гирифтани даромад машғуланд
2022-04-15T13:00+0500
2022-04-15T13:00+0500
2022-04-15T13:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
блогер
андоз
пардохт
электронӣ
интернет
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/61/1026696147_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_9cfcc46262a2670783d532a0a8764544.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрел 725 субъекти тиҷорати электронӣ расман ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Собирҷон Исоев, мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Исоев, дар семоҳаи аввали соли равон 725 субъекте, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, ба буҷа 3,7 млн. сомонӣ пардохт кардаанд. Дар баробари ин мақомоти андози Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 32 субъекти соҳибкорӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд. Таъкид шудааст, ки ин теъдоди блогерҳо расман ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар 3 моҳ 112,4 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷа пардохт намудаанд. Собирҷон Исоев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз чораҷӯиҳо ва фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам шаҳрвандон бидуни гузаштан аз сабти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз шабакаи интернет машғул мебошанд. Вай афзуд, ки чунин шахсон, тибқи талаботи моддаи 34-и Кодекси андоз, уҳдадоранд, худро ба қайд гиранду ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома кор кунанд. Дар ин ҳолат муваззафанд, дар бораи ҳаҷми муомилот ва даромадашон аз интернет ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод намуда, андоз пардохт кунанд, афзуд Исоев. Мақомдори андоз инчунин таъкид намуд, субъектҳои соҳибкорие, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми истифодаи меҳнати кироя уҳдадор мебошанд, аз аз маоши корманд низ андоз пардохт кунанд.
https://sputnik.tj/20220316/dasturi-rahmon-guzarish-savdo-elektroni-1046845005.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/61/1026696147_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_825164592b0531b7f753d18b585564ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
блогер, мақомот, тоҷик, сомонӣ, андоз
блогер, мақомот, тоҷик, сомонӣ, андоз
Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд
Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз шаҳрвандон бидуни сабти расмӣ ва пардохти андоз, бо истифода аз интернет ба тиҷорату гирифтани даромад машғуланд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрел 725 субъекти тиҷорати электронӣ расман ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Собирҷон Исоев, мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Исоев, дар семоҳаи аввали соли равон 725 субъекте, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, ба буҷа 3,7 млн. сомонӣ пардохт кардаанд.
Дар баробари ин мақомоти андози Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 32 субъекти соҳибкорӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд.
Таъкид шудааст, ки ин теъдоди блогерҳо расман ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар 3 моҳ 112,4 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷа пардохт намудаанд.
Собирҷон Исоев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз чораҷӯиҳо ва фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам шаҳрвандон бидуни гузаштан аз сабти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз шабакаи интернет машғул мебошанд.
Вай афзуд, ки чунин шахсон, тибқи талаботи моддаи 34-и Кодекси андоз, уҳдадоранд, худро ба қайд гиранду ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома кор кунанд. Дар ин ҳолат муваззафанд, дар бораи ҳаҷми муомилот ва даромадашон аз интернет ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод намуда, андоз пардохт кунанд, афзуд Исоев.
Мақомдори андоз инчунин таъкид намуд, субъектҳои соҳибкорие, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми истифодаи меҳнати кироя уҳдадор мебошанд, аз аз маоши корманд низ андоз пардохт кунанд.