https://sputnik.tj/20220316/dasturi-rahmon-guzarish-savdo-elektroni-1046845005.html
Дастури Раҳмон барои гузариш аз савдо бо пули нақд ба тиҷорати электронӣ
Дастури Раҳмон барои гузариш аз савдо бо пули нақд ба тиҷорати электронӣ
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар шароити муосир гузаштан ба тиҷорати электронӣ чӣ бартариятҳо дорад
2022-03-16T18:20+0500
2022-03-16T18:20+0500
2022-03-16T18:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тиҷорат
электронӣ
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_d48c776606d95492775869e27ed6c771.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки дар кишвар шароит ва инфрасохтор барои гузариши тиҷорат аз шакли маъмулӣ ба электронӣ дар кишвар тақвият дода шавад.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, савдои электронӣ аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои машваратӣ назди президент барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ буд. Аз бартариятҳои тиҷорати электронӣ дар шароити пандемия, коҳиш ёфтани хароҷот вобаста ба ташкили савдо ва амалиёт ба таври ғайринақдӣ бо сарфаи вақт зикр шудаст. Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор кардааст, ки ҳарчи зудтар барои таҳия ва қабули Қонун бораи тиҷорати электронӣ тадбир андешанд. Таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал барои татбиқи он аз супоришҳои дигари президент будаанд. "Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмуи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ гарданд. Дар баробари ин бояд амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъмин карда шавад.Вазорати маориф ва илм дастур гирифтааст, ки омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълимро ба роҳ монад. Инчунин ӯ аз нақши муҳими паркҳои технологӣ дар ҳалли мушкили бекорӣ, рушди тиҷорати электронӣ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва тавлиди маҳсулоти глобалӣ мутазаккир шуда, вазорату идораҳо муваззаф шуданд, барои таъсиси чунин паркҳо чораҷӯӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20220316/rahmon-avji-nizo-sharikon-tojikiston-kumak-1046843984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_83:0:1150:800_1920x0_80_0_0_5a45082b4c41dd00678af0c7bc8defa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, тоҷикистон, савдо, электронӣ, тиҷорат
азм, тоҷикистон, савдо, электронӣ, тиҷорат
Дастури Раҳмон барои гузариш аз савдо бо пули нақд ба тиҷорати электронӣ
18:20 16.03.2022 (Навсозишуда: 18:58 16.03.2022) Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар шароити муосир гузаштан ба тиҷорати электронӣ чӣ бартарият дорад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки дар кишвар шароит ва инфрасохтор барои гузариши тиҷорат аз шакли маъмулӣ ба электронӣ дар кишвар тақвият дода шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, савдои электронӣ аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои машваратӣ назди президент барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ буд.
Аз бартариятҳои тиҷорати электронӣ дар шароити пандемия, коҳиш ёфтани хароҷот вобаста ба ташкили савдо ва амалиёт ба таври ғайринақдӣ бо сарфаи вақт зикр шудаст.
Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор кардааст, ки ҳарчи зудтар барои таҳия ва қабули Қонун бораи тиҷорати электронӣ тадбир андешанд. Таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал барои татбиқи он аз супоришҳои дигари президент будаанд.
"Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмуи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ гарданд.
Дар баробари ин бояд амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъмин карда шавад.
Вазорати маориф ва илм дастур гирифтааст, ки омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълимро ба роҳ монад.
Инчунин ӯ аз нақши муҳими паркҳои технологӣ дар ҳалли мушкили бекорӣ, рушди тиҷорати электронӣ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва тавлиди маҳсулоти глобалӣ мутазаккир шуда, вазорату идораҳо муваззаф шуданд, барои таъсиси чунин паркҳо чораҷӯӣ намоянд.