https://sputnik.tj/20220415/kohish-qurb-rubl-tojikiston-1047663704.html
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар анҷоми ҳафтаи корӣ Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро ба самти поин бозбинӣ карда, арзиши доллари амрикоиро каме боло бурдаст
2022-04-15T11:40+0500
2022-04-15T11:40+0500
2022-04-15T12:39+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
молия
қурб
бонки миллӣ
рубл
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон 0,1529 сомонӣ муқаррар гардидаст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта поинтар аст. Бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, феълан арзиши ҳазор рубли Русия муодили 152 сомонӣ мебошад. Рӯзе қабл ин нишондод ба 155 сомонӣ баробар буд. Дар зимн арзиши асъори аврупоӣ ва амрикоӣ дар ҷумҳурӣ боло рафтааст. Аз ҷумла Бонки миллӣ қурби долларро 12,5 сомонӣ муқаррар кардааст. Барои қиёс ин нишондод рӯзе пеш 12,48 сомонӣ буд. Қурби евро низ ба 13,61 сомонӣ расидааст, дар ҳоле ки 14 апрел ба 13,51 сомонӣ баробар буд. Ба иттилои манбаъ, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ, аз ҷумла рубли нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1525 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст. Харидуфурӯши доллари нақд дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ бо арзиши аз 12.5075 то 12.50 ва евро аз 13.6169 то 13.6200 сомонӣ амалӣ карда мешавад. Дар Тоҷикистон махсусан таваҷҷуҳ ба қурби Русия зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ФР фаъолият мекунанду маошашонро бо ин асъор мегиранд. Муҳоҷирон вобаста тағйироти қурб интиқоли маблағро зиёд мекунанд ва ё муваққатан худдорӣ менамоянд. Дар зимн бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дучори мушкили камбуди пули нақд дар банкоматҳо шуда, барои гирифтани пул муддати тӯлонӣ бояд навбат поянд. БМТ таъкид намудааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод ҳушдор дод, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220408/sberbank-intiqol-asor-khorijro-qat-tojikiston-1047490663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, қурб, доллар, рубл, тоҷикистон
афзоиш, қурб, доллар, рубл, тоҷикистон
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
11:40 15.04.2022 (Навсозишуда: 12:39 15.04.2022) Дар анҷоми ҳафтаи корӣ Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро ба самти поин бозбинӣ карда, арзиши доллари амрикоиро каме боло бурдааст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон 0,1529 сомонӣ муқаррар гардидаст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта поинтар аст.
Бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, феълан арзиши ҳазор рубли Русия муодили 152 сомонӣ мебошад. Рӯзе қабл ин нишондод ба 155 сомонӣ баробар буд.
Дар зимн арзиши асъори аврупоӣ ва амрикоӣ дар ҷумҳурӣ боло рафтааст. Аз ҷумла Бонки миллӣ қурби долларро 12,5 сомонӣ муқаррар кардааст. Барои қиёс ин нишондод рӯзе пеш 12,48 сомонӣ буд.
Қурби евро низ ба 13,61 сомонӣ расидааст, дар ҳоле ки 14 апрел ба 13,51 сомонӣ баробар буд.
Ба иттилои манбаъ, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ, аз ҷумла рубли нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1525 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Харидуфурӯши доллари нақд дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ бо арзиши аз 12.5075 то 12.50 ва евро аз 13.6169 то 13.6200 сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Дар Тоҷикистон махсусан таваҷҷуҳ ба қурби Русия зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ФР фаъолият мекунанду маошашонро бо ин асъор мегиранд. Муҳоҷирон вобаста тағйироти қурб интиқоли маблағро зиёд мекунанд ва ё муваққатан худдорӣ менамоянд.
Дар зимн бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дучори мушкили камбуди пули нақд дар банкоматҳо шуда, барои гирифтани пул муддати тӯлонӣ бояд навбат поянд.
БМТ таъкид намудааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод ҳушдор дод, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.