https://sputnik.tj/20220408/sberbank-intiqol-asor-khorijro-qat-tojikiston-1047490663.html
Сбербанк интиқоли асъор ба хориҷро қатъ кард: паёмадҳояш барои Тоҷикистон чи хоҳад буд
Сбербанк интиқоли асъор ба хориҷро қатъ кард: паёмадҳояш барои Тоҷикистон чи хоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли асъори хориҷӣ, ки сар аз 6 апрел қабул шуда буд, пурра ба суратҳисоби муштарӣ, аз ҷумла бо комиссия баргардонида мешавад
2022-04-08T21:35+0500
2022-04-08T21:35+0500
2022-04-08T21:35+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сбербанк
интиқоли пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040831278_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_3f25093d82a2c0f12987949ba8a58433.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сбербанк ҳама интиқолҳоро ба хориҷа бо асъори хориҷӣ манъ кард. Ин маҳдудиятҳо аз 7 апрели соли ҷорӣ ҷорӣ карда шудаанд. Тавре намояндаи ташкилоти молиявӣ шарҳ дод, ин тасмим дар робита ба эътибор пайдо кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ гирифта шудааст. Ин бонк гуфтааст, ки интиқоли арзи хориҷӣ, ки аз 6 апрел қабул шуда буд, ба суратҳисоби муштарӣ баргардонида мешавад. Зимнан зикр мегардад, ки маблағ бо назардошти ҳаққи комиссия пурра баргардонида мешавад. Бо вуҷуди ин, тавассути филиали бонк, маблағро бо рубл интиқол додан мумкин аст.Илова бар ин, ҳоло ҳам бо истифода аз рақами телефон тавассути барномаи мобилӣ интиқоли рублро анҷом додан мумкин аст. Ҳамин тариқ, пулро метавон ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва ҳамчунин ба Приднестрове интиқол дод. Ҳамчунин, Сбербанк қайд кард, ки дар робита ба таҳримҳо дар филиалҳои бонкӣ гирифтани интиқол аз ташкилоти қарзии хориҷӣ ғайриимкон аст.Қобили зикр аст, ки пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз поин рафтани қурби рубл дар Русия афзоиши бесобиқа нишон дод ва дар баробари доллар мӯътадил шуд.Қурби рубл барои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд ва барои таъмини хонаводаашон ба ватан пул мефиристанд, аҳамияти хоса дорад. Ба ҳолати шоми 8 феврал дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русӣ ба беш аз 170 сомонӣ расидааст, кинишондоди рекордӣ тайи чанд соли ахир аст.Дар ҳамин ҳол барои бо ин қурб иваз кардани пул, шом аксар муҳоҷирин талош карданд миқдори маблағи доштаашонро онлайнӣ бифиристанд, аммо имкон нашуд.
https://sputnik.tj/20220408/sabab-yakbora-past-qurb-dollar-oshkor-1047471162.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040831278_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3c35976a39c093b83b3b70b5f444a902.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сбербанк интиқоли асъор хориҷ қатъ тоҷикистон
сбербанк интиқоли асъор хориҷ қатъ тоҷикистон
Сбербанк интиқоли асъор ба хориҷро қатъ кард: паёмадҳояш барои Тоҷикистон чи хоҳад буд
Интиқоли асъори хориҷӣ, ки сар аз 6 апрел қабул шуда буд, пурра ба суратҳисоби муштарӣ, аз ҷумла бо комиссия баргардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сбербанк ҳама интиқолҳоро ба хориҷа бо асъори хориҷӣ манъ кард. Ин маҳдудиятҳо аз 7 апрели соли ҷорӣ ҷорӣ карда шудаанд.
Тавре намояндаи ташкилоти молиявӣ шарҳ дод, ин тасмим дар робита ба эътибор пайдо кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ гирифта шудааст.
Ин бонк гуфтааст, ки интиқоли арзи хориҷӣ, ки аз 6 апрел қабул шуда буд, ба суратҳисоби муштарӣ баргардонида мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағ бо назардошти ҳаққи комиссия пурра баргардонида мешавад.
Бо вуҷуди ин, тавассути филиали бонк, маблағро бо рубл интиқол додан мумкин аст.
Илова бар ин, ҳоло ҳам бо истифода аз рақами телефон тавассути барномаи мобилӣ интиқоли рублро анҷом додан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, пулро метавон ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва ҳамчунин ба Приднестрове интиқол дод.
Ҳамчунин, Сбербанк қайд кард, ки дар робита ба таҳримҳо дар филиалҳои бонкӣ гирифтани интиқол аз ташкилоти қарзии хориҷӣ ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз поин рафтани қурби рубл дар Русия афзоиши бесобиқа нишон дод ва дар баробари доллар мӯътадил шуд.
Қурби рубл барои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд ва барои таъмини хонаводаашон ба ватан пул мефиристанд, аҳамияти хоса дорад.
Ба ҳолати шоми 8 феврал дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русӣ ба беш аз 170 сомонӣ расидааст, кинишондоди рекордӣ тайи чанд соли ахир аст.
Дар ҳамин ҳол барои бо ин қурб иваз кардани пул, шом аксар муҳоҷирин талош карданд миқдори маблағи доштаашонро онлайнӣ бифиристанд, аммо имкон нашуд.