https://sputnik.tj/20220415/itoliyo-pul-gaz-rubl-1047673773.html
ВУХ Итолиё гуфт, наметавонад пули газро бо рубл пардохт кунад
ВУХ Итолиё гуфт, наметавонад пули газро бо рубл пардохт кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Италия Ди Майо гуфт, ки кишвар наметавонад гази Русияро бо рубл пардохт кунад
2022-04-15T17:20+0500
2022-04-15T17:20+0500
2022-04-15T18:01+0500
иқтисод
итолиё
газ
"газпром"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_e7e957c7893e489dde710cad049f6166.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Итолиё наметавонад пули интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кунад, зеро ин маънои канорагирӣ аз таҳримҳои Аврупоро дорад, гуфт вазири корҳои хориҷии Итолиё Луиҷи Ди Майо. Ба гуфтаи Ди Майо, "аз нуқтаи назари техникӣ", Русия алайҳи худ эмбарго ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".Вазир бори дигар таъкид кард, ки Рум барои дарёфти каналҳои нави интиқоли газ аз дигар кишварҳо кор мекунад: ба гуфтаи ӯ, пас аз сафари ахираш ба Алҷазоир сарвазир Марио Драги рӯзҳои 20-21 апрел аз Ангола ва Конго боздид мекунад. Кишварҳои ғарбӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нав зидди Русия дар посух ба амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина шуруъ кардаанд. Тавре котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддианд, вале Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ медид. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, Маскав тамоми мушкилоти иқтисодиро, ки Ғарб барояш эҷод кардааст, ҳал хоҳад кард. Рӯзи 23 март кишвардори Русия Владимир Путин аз қатъи интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳо бар ивази доллар ва евро хабар дод.Сипас президент фармони дахлдорро имзо кард ва гуфт, ки Русия дар сурати аз 1 апрел ба ин сӯ пардохт нашудани газ бо рубли русӣ дар мавриди иҷро нашудани уҳдадориҳои қарордодҳо аз ҷониби кишварҳои ғайридӯстро баррасӣ хоҳад кард. Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад"Газпромбонк" барои харидорони хориҷӣ ҷиҳати пардохти пули газ суратҳисобҳои махсуси асъор ва рубл боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномабуда маблағи "сӯзишвории кабуд"-ро гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидор бо рубл ворид мекунад. "Газпром" болои татбиқи ин механизм кор мекунад.
https://sputnik.tj/20220404/latviya-pardokht-gaz-rusiya-rubl-1047348387.html
итолиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_01306ad98b8f1c00edf21fbe8ae4c7ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маблағи газ, рубл пардохт, русия, итолиё
маблағи газ, рубл пардохт, русия, итолиё
ВУХ Итолиё гуфт, наметавонад пули газро бо рубл пардохт кунад
17:20 15.04.2022 (Навсозишуда: 18:01 15.04.2022) Вазири корҳои хориҷии Итолиё гуфт, ки кишвараш наметавонад маблағи гази Русияро бо рубл пардохт кунад, чуноне президенти Русия талаб дорад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Итолиё наметавонад пули интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кунад, зеро ин маънои канорагирӣ аз таҳримҳои Аврупоро дорад, гуфт вазири корҳои хориҷии Итолиё Луиҷи Ди Майо.
"Мо наметавонем бо рубл пардохт кунем. Русия схемаи дукаратаро аз евро ба рубл ҷорӣ кардааст, ин имконнопазир аст, зеро ин маънои саркашӣ аз таҳримҳо алайҳи Бонки марказиро дорад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо "Radio 24".
Ба гуфтаи Ди Майо, "аз нуқтаи назари техникӣ", Русия алайҳи худ эмбарго ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".
Вазир бори дигар таъкид кард, ки Рум барои дарёфти каналҳои нави интиқоли газ аз дигар кишварҳо кор мекунад: ба гуфтаи ӯ, пас аз сафари ахираш ба Алҷазоир сарвазир Марио Драги рӯзҳои 20-21 апрел аз Ангола ва Конго боздид мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нав зидди Русия дар посух ба амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина шуруъ кардаанд.
Тавре котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддианд, вале Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ медид.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, Маскав тамоми мушкилоти иқтисодиро, ки Ғарб барояш эҷод кардааст, ҳал хоҳад кард.
Рӯзи 23 март кишвардори Русия Владимир Путин аз қатъи интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳо бар ивази доллар ва евро хабар дод.
Сипас президент фармони дахлдорро имзо кард ва гуфт, ки Русия дар сурати аз 1 апрел ба ин сӯ пардохт нашудани газ бо рубли русӣ дар мавриди иҷро нашудани уҳдадориҳои қарордодҳо аз ҷониби кишварҳои ғайридӯстро баррасӣ хоҳад кард.
"Газпромбонк" барои харидорони хориҷӣ ҷиҳати пардохти пули газ суратҳисобҳои махсуси асъор ва рубл боз мекунад.
Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномабуда маблағи "сӯзишвории кабуд"-ро гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидор бо рубл ворид мекунад.
"Газпром" болои татбиқи ин механизм кор мекунад.