https://sputnik.tj/20220404/latviya-pardokht-gaz-rusiya-rubl-1047348387.html
Латвия мегӯяд, пардохти гази Русия бо рубл низоми таҳримҳоро вайрон намекунад
Латвия мегӯяд, пардохти гази Русия бо рубл низоми таҳримҳоро вайрон намекунад
Sputnik Тоҷикистон
"Latvijas Gāze" мегӯяд, харидории гази Русия бо рубл низоми таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Маскавро вайрон намекунад 04.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-04T21:10+0500
2022-04-04T21:10+0500
2022-04-04T21:10+0500
латвия
дар русия
иқтисод
газ
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1b63c9980e3d2881fc52434804529c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. "Latvijas Gāze" дар бораи қарордодҳо бо "Газпром" хулоса кард ва изҳороте нашр намуд, ки тибқи он, ширкат муътақид аст, қоидаҳои нави пардохти газ бо рубли русӣ расман режими таҳримҳоро вайрон намекунад. Дар ин бора Sputnik Латвия хабар медиҳад.Дар ширкат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир усули нави ҳисобкуниро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳлил мекунанд. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки байни "Latvijas Gāze" ва "Газпром" шартномаи дарозмуддат оид ба интиқоли гази табиӣ то соли 2030 ба имзо расид. Он пардохти гази табииро бо евро пешбинӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, тибқи тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Русия ва созишномаҳои тиҷорати хориҷӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ, пардохтҳо барои интиқоли гази табиӣ аз 1 апрели соли 2022 бояд танҳо бо рубли русӣ анҷом дода шаванд.Бояд гуфт, қаблан раиси ширкати "Latvijas Gāze" Айгарс Калвитис гуфта буд, ки имкони харидории газ аз тариқи рубл вуҷуд надорад, зеро дар шартнома пардохтҳо бо евро пешбинӣ шудаанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 март раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонро дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯст имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳое, боз кунанд, ки рубл дошта бошанд.Путин ваъда дод, ки агар Русия то 1 апрел пардохт нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд. Русия тақрибан 40% гази Аврупоро таъмин мекунад ва аз бузургтарин содиркунандаҳои газ ба он ҷо маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20220404/kishvar-avrupo-talab-putin-paziruft-1047320297.html
латвия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd819a7e26a1e69b7e3255148f50e495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
латвия, дар русия, иқтисод, газ, рубл
латвия, дар русия, иқтисод, газ, рубл
Латвия мегӯяд, пардохти гази Русия бо рубл низоми таҳримҳоро вайрон намекунад
"Latvijas Gāze" мегӯяд, харидории гази Русия бо рубл низоми таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Маскавро вайрон намекунад
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. "Latvijas Gāze" дар бораи қарордодҳо бо "Газпром" хулоса кард ва изҳороте нашр намуд, ки тибқи он, ширкат муътақид аст, қоидаҳои нави пардохти газ бо рубли русӣ расман режими таҳримҳоро вайрон намекунад. Дар ин бора Sputnik Латвия хабар медиҳад.
Дар ширкат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир усули нави ҳисобкуниро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳлил мекунанд. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки байни "Latvijas Gāze" ва "Газпром" шартномаи дарозмуддат оид ба интиқоли гази табиӣ то соли 2030 ба имзо расид. Он пардохти гази табииро бо евро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Русия ва созишномаҳои тиҷорати хориҷӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ, пардохтҳо барои интиқоли гази табиӣ аз 1 апрели соли 2022 бояд танҳо бо рубли русӣ анҷом дода шаванд.
Бояд гуфт, қаблан раиси ширкати "Latvijas Gāze" Айгарс Калвитис гуфта буд, ки имкони харидории газ аз тариқи рубл вуҷуд надорад, зеро дар шартнома пардохтҳо бо евро пешбинӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 март раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонро дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯст имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳое, боз кунанд, ки рубл дошта бошанд.
Путин ваъда дод, ки агар Русия то 1 апрел пардохт нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд. Русия тақрибан 40% гази Аврупоро таъмин мекунад ва аз бузургтарин содиркунандаҳои газ ба он ҷо маҳсуб мешавад.