Чин қасд дорад ҳамкориҳоро бо СПАД густариш диҳад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями
Военнослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Раиси парлумони Чин СПАД-ро механизми пешбари амнияти низомӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номид ва таҳкими равобит бо онро зарур хонд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Чин омодааст, ҳамкориҳоро бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) густариш диҳад.
Дар ин бора раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқӣ Ли Чжаншу хабар дод.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори чинӣ, СПАД ҳамчун "механизми пешбари амнияти низомӣ" дар ИДМ "дар пешбурд ва таъмини суботу амнияти минтақа" нақши муҳим дорад.

"Мо омодаем, ҳамкориҳоро бо ин созмон идома ва минбаъд густариш диҳем", - гуфт Ли Чжаншу зимни мулоқоти онлайнӣ бо раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко.

Авохири моҳи март намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳои узви СПАД, Ситоди муштарак ва котиботи ин иттиҳодия нақшаи беҳбуди вокуниш ба буҳронро баррасӣ карданд.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Дар СПАД нақшаи вокуниш ва истифодаи нерӯи созмон дар хориҷро баррасӣ карданд
Дар рафти машварат аъзои ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои иштироккунанда лоиҳаи нақшаи чорабиниҳоро оид ба истифодаи қувваҳои сулҳпарвар дар хориҷа таҳия карданд.
Машваратҳоро роҳбари СПАД Анатолий Сидоров раҳбарӣ кард.
Дар онҳо намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин котиботи СПАД ширкат доштанд.
Песков гуфт, иштироки СААД дар амалиёти Украина баррасӣ нашудааст
Ёдовар мешавем, СПАД 15 майи соли 1992 бо имзои шартномаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон таъсис ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0