https://sputnik.tj/20220325/spad-naqsha-vokunish-buhron-barrasi-1047055912.html
Дар СПАД нақшаи вокуниш ва истифодаи нерӯи созмон дар хориҷро баррасӣ карданд
Дар СПАД нақшаи вокуниш ва истифодаи нерӯи созмон дар хориҷро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни машварат аъзоёни ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои иштироккунанда лоиҳаи нақшаи чорабиниҳоро оид ба истифодаи қувваҳои сулҳбон дар хориҷа кор карда баромаданд
2022-03-25T10:16+0500
2022-03-25T10:16+0500
2022-03-25T13:10+0500
саад
артиш
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042309279_0:68:3140:1834_1920x0_80_0_0_de53fd9349290ef2385a7321f0508bb6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳо, аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Ситоди муштарак ва котиботи ин паймон нақшаи беҳбуди вокуниш ба буҳронро баррасӣ карданд. Дар ин бора сомонаи расмии ин созмон хабар додааст. Ҳамин тавр дар ҷараёни машварат аъзои ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои иштироккунанда лоиҳаи барномаҳоро дар ҷиҳати истифодаи қувваҳои посбони сулҳ дар хориҷ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷаи машваратҳо "Дар бораи дида баромадани лоиҳаи нақшаи мувофиқшуда созиш ҳосил гардид. Ин санад барои тасвиб ба раиси Шӯрои вазирони дифои СПАД ироа мешавад", - гуфта мешавад дар гузориш. Машваратҳо зери роҳбарии раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров баргузор гаштанд, ки дар он намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин котиботи ин паймон ширкат доштанд. Ёдовар мешавем, СПАД 15 майи соли 1992 бо имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъсис шуда буд.Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СПАД пайвастаанд. Аммо баъдан Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд. Имрӯз ин созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
https://sputnik.tj/20220323/sharh-kreml-mavrid-ishtiroki-neru-ukraina-saad-1047016798.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042309279_246:0:2975:2047_1920x0_80_0_0_06d4365389b558612c021b2b882d5b61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад вокуниш нерӯ созмон хориҷ
спад вокуниш нерӯ созмон хориҷ
Дар СПАД нақшаи вокуниш ва истифодаи нерӯи созмон дар хориҷро баррасӣ карданд
10:16 25.03.2022 (Навсозишуда: 13:10 25.03.2022) Дар ҷараёни машварат аъзои ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои иштироккунанда лоиҳаи барнома барои истифодаи қувваҳои сулҳбон дар хориҷро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳо, аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Ситоди муштарак ва котиботи ин паймон нақшаи беҳбуди вокуниш ба буҳронро баррасӣ карданд.
Дар ин бора сомонаи расмии ин созмон хабар додааст.
Ҳамин тавр дар ҷараёни машварат аъзои ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои иштироккунанда лоиҳаи барномаҳоро дар ҷиҳати истифодаи қувваҳои посбони сулҳ дар хориҷ мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Мо пешниҳодҳо дар бораи такмили механизмҳои вокуниш ба буҳрон, истифодаи нерӯҳои посдори сулҳ дар хориҷи кишвар, инчунин ташкили парвозҳои байналмиллалӣ аз ҷониби авиатсияҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД-ро баррасӣ кардем. Лоиҳаи ин санад ниҳоӣ ва мувофиқа шуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷаи машваратҳо "Дар бораи дида баромадани лоиҳаи нақшаи мувофиқшуда созиш ҳосил гардид. Ин санад барои тасвиб ба раиси Шӯрои вазирони дифои СПАД ироа мешавад", - гуфта мешавад дар гузориш.
Машваратҳо зери роҳбарии раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров баргузор гаштанд, ки дар он намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин котиботи ин паймон ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, СПАД 15 майи соли 1992 бо имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъсис шуда буд.
Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СПАД пайвастаанд. Аммо баъдан Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд.
Имрӯз ин созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро шомил мешавад.