https://sputnik.tj/20220415/big-beg-tojikiston-rusiya-kharidor-1047662730.html
"Биг-бег"-ҳои Тоҷикистон дар Русия харидор ёфтаанд
"Биг-бег"-ҳои Тоҷикистон дар Русия харидор ёфтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи "Суғдпак", ки тавлиди халтаҳои гуногун дар шимоли Тоҷикистонро ба роҳ мондаст, маҳсулоташро аз ҷумла ба Русия содир мекунад
2022-04-15T10:50+0500
2022-04-15T10:50+0500
2022-04-15T12:34+0500
дар тоҷикистон
саноат
мутахассисон
суғд
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102913/17/1029131725_0:45:3073:1773_1920x0_80_0_0_eac7db4d2c4d93ac5ddf8f6178a8cbbc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон марҳилаи сеюми корхонаи тавлиди халтаҳои калонҳаҷми "Суғдпак"-ро дар шаҳри Бӯстон оғоз бахшид. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ роҳандозӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки худи корхона коркарди ашёи хом то тавлиди маҳсулоти ниҳоиро амалӣ мекунад. Манбаъ афзуд, ки муассис ва соҳибкорони ҷамъияти "Суғдпак" дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ карда, ба Русия низ содир менамоянд. Таъкид шудааст, ки дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави "Суғдпак" 150 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор таъмин шудаанд. Дар фаъолсозии марҳилаи сеюми корхона, масъулин ба раисҷумҳур иттилоъ додаанд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ бо иқтидори 400 ҳазор халтаи калонҳаҷм дар 1 сол фаъол шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати "Суғдпак" тавсиф карда, саҳмашонро дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар шоиста хондааст. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон санотикунонии кишварро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ муайян кардааст. Дар ин самт солҳои 2022-2026 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди саноат эълон гардида, тайи ин муддат фаъолсозии ҳазорҳо корхонаю коргоҳ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220415/tedod-korkhona-asfaltbarori-sughd-1047661411.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102913/17/1029131725_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_855a415d56538d122e2b782672f27128.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳёбӣ, биг-бег, тоҷикистон, бозор, русия
роҳёбӣ, биг-бег, тоҷикистон, бозор, русия
"Биг-бег"-ҳои Тоҷикистон дар Русия харидор ёфтаанд
10:50 15.04.2022 (Навсозишуда: 12:34 15.04.2022) Корхонаи "Суғдпак", ки тавлиди халтаҳои гуногун дар шимоли Тоҷикистонро ба роҳ мондаст, маҳсулоташро ба Русия содир мекунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон марҳилаи сеюми корхонаи тавлиди халтаҳои калонҳаҷми "Суғдпак"-ро дар шаҳри Бӯстон оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ роҳандозӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки худи корхона коркарди ашёи хом то тавлиди маҳсулоти ниҳоиро амалӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, ки муассис ва соҳибкорони ҷамъияти "Суғдпак" дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ карда, ба Русия низ содир менамоянд.
"Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ - Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содир мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави "Суғдпак" 150 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор таъмин шудаанд.
Дар фаъолсозии марҳилаи сеюми корхона, масъулин ба раисҷумҳур иттилоъ додаанд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ бо иқтидори 400 ҳазор халтаи калонҳаҷм дар 1 сол фаъол шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати "Суғдпак" тавсиф карда, саҳмашонро дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар шоиста хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон санотикунонии кишварро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ муайян кардааст. Дар ин самт солҳои 2022-2026 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди саноат эълон гардида, тайи ин муддат фаъолсозии ҳазорҳо корхонаю коргоҳ дар назар аст.