Таъхири болобарии нархи барқу об ва савдо бо рублу юан - нақшаи зиддибуҳронии Тоҷикистон

© Pixabay/stevepb Калькулятор и график
Калькулятор и график - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардаст, ки истифодаи рублу юан ба ҷои доллар аз бандҳои он мебошад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки болобарии нархи барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар ҷумҳурӣ ба таъхир андохта шаванд.
Ин нуқта дар нақшаи чорабиниҳо барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллии Тоҷикистон таъкид шудаст. Манбаъ аз блоки иқтисодии ҳукумат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нақшаи мазкур нимаи дуюми моҳи март аз сӯйи ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, мақомоти кишвар барои иҷрои он муваззаф шудаанд.
Ҳамчунин қарор шудааст, ки болобарии нархи хадамот дар бахши маорифу тандурустӣ низ дар соли равон сурат нагирад.
Аз бахшҳои дигари нақша ин истифодаи пулҳои миллӣ дар додугирифти мол бо шарикони тиҷорӣ мебошад. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки мунтазам вазъи иқтисодии ҷаҳонию минтақаӣ таҳлил гардаду барои коҳиши таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ чораандешӣ сурат гирад.
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Уфт ё ҷаҳиш? Иқтисоддон гуфт, ки то охири моҳи апрел бо рубл чӣ мешавад
Дар назар аст, ки созишҳои тиҷоратӣ зимни додугирифти мол бо шарикони асосии тиҷорӣ бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқ, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо истифодаи рубл сурат бигирад.
Дар назар аст, ки табодули пули миллӣ ба асъори шарикони хориҷии тиҷорӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шавад. Гуфтушунид бо шарикони рушд низ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул барои ҷалби сармоя ва қарз яке аз бандҳои дигар мебошад.
Муҳим дониста шудааст, ки дар ниҳодҳои давлатӣ сарфакорӣ сурат гираду аз хароҷоти дуюмдараҷа, аз қабили таъмири бино, хариди мошин худдорӣ шавад.
Ҳамчунин барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ муҳим дониста шудааст, ки тавлидоти ватанӣ таҳким бахшида шавад. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ғизоии худӣ афзоиш дода шаваду захираи маводи ниёзи аввал фароҳам гардад.
Вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисоду савдо, Бонки миллӣ, Вазорати молия, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ масъули иҷрои ин қарор таъйин гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0