Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия дар як шабонарӯз 25 танки Украинаро нобуд кард

© Sputnik / Геннадий Дубовой / Гузариш ба медиабонкУничтоженная украинская военная техника. Архивное фото.
Уничтоженная украинская военная техника. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши ин кишвар дар шабонарӯзи ахир 25 тонк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро нобуд кардааст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз 25 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора дар брифинг намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар додааст.
"Дар маҷмуъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 132 ҳавопаймо, 105 чархбол, 245 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 456 ҳавопаймои бесарнишин, 2213 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 249 адад ракетабаранда, 966 тӯпи саҳроӣ ва миномёт, инчунин 2110 адад мошини махсуси ҳарбӣ, нобуд карда шудаанд", - гуфт генерал.
Зимни брифинги шоми панҷшанбе Конашенков гуфт, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 131 ҳавопаймо, 104 чархбол, 245 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 448 ҳавопаймои бесарнишин, 2188 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 248 дастгоҳи чандманзураи партоби системаҳои мушакӣ, 957 тӯп ва миномёти саҳроӣ, инчунин 2088 воҳид мошини махсуси ҳарбӣ нест карда шудаанд.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0