https://sputnik.tj/20220413/rusiya-ukraina-muzokirot-onlayn-1047627860.html
Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд
Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Украина музокироти онлайнро идома медиҳанд
2022-04-13T23:00+0500
2022-04-13T23:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
музокирот
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_0:0:3309:1862_1920x0_80_0_0_43621c69a88902296a717fd876fc5e72.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҷонибҳои Русия ва Украина музокирот дар бораи ҳалли вазъ дар Украинаро дар формати онлайнӣ идома медиҳанд. Ба гуфтаи Захарова, ҳайати Украина “саъйю кӯшиши худро на барои ба даст овардани созиш, балки ба кашол додани музокирот равона мекунад”, - менависад РИА "Новости".Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номидАммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_66071d9375e805ecf3cdc34614cc0aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижаи русия, украина, музокирот,
амалиёти вижаи русия, украина, музокирот,
Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд
23:00 13.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, Русия ва Украина музокироти онлайниро идома медиҳанд. Аллакай 4 даври гуфтушуниди рӯ ба рӯи ҷонибҳо барпо шудааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҷонибҳои Русия ва Украина музокирот дар бораи ҳалли вазъ дар Украинаро дар формати онлайнӣ идома медиҳанд.
"Музокироти Русия ва Украина дар бораи созиш дар бораи ҳалли вазъ дар Украина идома дорад ва онҳо дар формати онлайнӣ сурат мегиранд", - гуфт вай зимни брифинг.
Ба гуфтаи Захарова, ҳайати Украина “саъйю кӯшиши худро на барои ба даст овардани созиш, балки ба кашол додани музокирот равона мекунад”, - менависад РИА "Новости".
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.