Зеленский аз Аврупо барои ҳар моҳ ҳафт миллиард доллар талаб дорад

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Кишвардори Украина аз Комиссияи Аврупо барои ҳар моҳ ҳафт миллиард доллар кӯмаки молӣ талаб кардааст. Ӯ тавзеҳ додааст, ки ин миқдор пул бояд билфосила дар ихтиёри Украина гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Владимир Зеленский ба раиси Комиссияи Аврупо Урсуле фон дер Ляйен гуфт, Киев барои пӯшонидани имтиёзҳои иҷтимоӣ ва маош ҳар моҳ ба 7 миллиард доллар кумаки фаврии молӣ ниёз дорад. Дар ин бора оҷонсии "Блумберг" бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

"Украина барои пӯшонидани имтиёзҳои иҷтимоӣ ва маош ҳар моҳ ба ҳафт миллиард доллар кӯмаки фаврии молӣ ниёз дорад", - афзуд Зеленский.

Ин манбаъ мегӯяд, Зеленский ин ҳарфҳоро ҳафтаи гузашта аснои боздиди раиси Комиссияи Аврупо аз Киев изҳор доштааст.
Ба гуфтаи агентӣ, Зеленский ҳамчунин дар бораи мушкилоте, ки Украина ҳангоми кӯшиши содироти ғаллаи худ рӯ ба рӯ буд, сухан гуфт.
Ба гуфтаи манбаъ, Ляйен гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо расмиёти тезонидашудаи убури сарҳадро барои кумак ба Киев дар ин масъала татбиқ хоҳад кард.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Миллионҳо доллар. Маоши Зеленский маълум шуд
Қаблан Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тахсиси 500 миллион еврои изофӣ барои кумакҳои низомӣ ба Украина тавофуқ карда буд ва ҳамакнун ҳаҷми умумии кумаки низомии Иттиҳодияи Аврупо ба Киев 1,5 миллиард евроро ташкил хоҳад дод.
Вакили пешини Верховная Рада Иля Кива, ки аз мандат маҳрум шудааст, гуфт, Владимир Зеленский моҳона тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад.
"Яке аз ангезаҳои аслии Зеленский барои ба марг тела додани мардум ин боқӣ мондан дар сари қудар аст. Зеро Зеленский дар як моҳ тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад", - гуфта буд Кива дар як паёми видеоӣ дар "Telegram".
Лентаи хабарҳо
0