Миллионҳо доллар. Маоши Зеленский маълум шуд

© REUTERS \ GLEB GARANICHПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Вакили собиқи Рада ҳаҷми маоши ҳармоҳаи Зеленский - кишвардори Украинаро фош кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вакили пешини Верховная Рада Иля Кива, ки аз мандат маҳрум шуд, гуфт, Владимир Зеленский моҳона тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад.

"Яке аз ангезаҳои аслии Зеленский барои ба марг тела додани мардум ин боқӣ мондан дар сари қудар аст. Зеро Зеленский дар як моҳ тақрибан 100 миллион доллар маош мегирад", - гуфт Кива дар як паёми видеоӣ дар шабакаи телеграмии худ.

Верховная Радаи Украина рӯзи 15 март Киваро, ки вакили "Платформаи мухолифин барои ҳаёт" буд, аз мандаташ маҳрум кард.
Худи Кива овоздиҳии истеъфоашро ғайриқонунӣ медонад, зеро ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар асоси изҳорот дар бораи истеъфои мандати вакилӣ бо хоҳиши худ гирифта нашудааст, ки Кива онро имзо накарда буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Сиёсатшинос: Зеленский ва режими ӯ ғарқ мешавад
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Бар асоси натоиҷи даври савуми нишаст дар қаламрави Беларус, дар мавриди ифтитоҳи долонҳои башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд.
Аммо ҷониби Украина борҳо гузаргоҳи ғайринизомиёнро баст.
Лентаи хабарҳо
0