Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия: Сарбозони украинӣ дар Мариупол ба таслимшавӣ идома медиҳанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОсвобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Ниҳоди низомии Русия маълумоти нав дар бораи сарбозони украиниро, ки дар як деҳаи иҳоташуда силоҳ ба замин гузоштаанд, нашр кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Мариупол, ки дар иҳотаи артиши Русия қарор доранд, таслимшавиро идома медиҳанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод.
“Дар амалиёти озодсозии шаҳри Мариупол дар як шабонарӯз 134 низомии дигари украинӣ, аз ҷумла 14 афсар ихтиёран силоҳ ба замин гузошта, таслим шуданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи генерал-майор, танҳо дар як рӯз 1160 нафар аз низомиён таслим шуданд, ки 176 нафарашон афсар буданд.
Як рӯз қабл Вазорати дифои Русия изҳор карда буд, ки ба шарофати амалҳои муваффақи нерӯҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи Русия ва ҶМЛ 1026 нафар аз низомиёни украинии Бригадаи 36-уми баҳрӣ ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузоштаанд.
Қайд карда шуд, ки инҳо охирин муҳофизони комбинати металлургии ба номи Илич мебошанд.
Мариуполь после отступления ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
"Ҳатто хориҷиҳо ҳам асир мешаванд". Он чӣ дар бандари Мариупол мегузарад
Дар ҳамин ҳол, 151 нафар маҷруҳ шуданд, ки 126 нафари онҳо афсар ва 47 нафарашон зан буданд.
Дар миёни воҳидҳои дигари украинӣ дар ин русто полки миллатгароёни "Азов" низ ҳаст, ки дар Федератсияи Русия ифротгаро эътироф ва алайҳи ҷангиёни онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба иттилои милисаи мардумии ҶМД, дар паси деворҳои корхонаи “Азовстал” то 3,5 ҳазор ҷангҷӯ ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0