https://sputnik.tj/20220406/tojikiston-furushi-pakhta-daromad-1047389765.html
Тоҷикистон аз фурӯши пахта беш аз 52 миллон доллар даромад гирифт
Тоҷикистон аз фурӯши пахта беш аз 52 миллон доллар даромад гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали имсол 52,2 миллион доллар пахта содирот карда аст
2022-04-06T10:00+0500
2022-04-06T10:00+0500
2022-04-06T12:41+0500
дар тоҷикистон
содирот
пахта
фоида
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:134:3073:1862_1920x0_80_0_0_96b6dd00569dc151b8a7e2cabc539380.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тибқи омори ахир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми фурӯши пахта аз назари вазн 21,5 дарсад коҳиш, аммо аз назари нарх 24 дарсад афзоиш доштааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”Ба асоси оморои хадамоти гумрукии Тоҷикистон, дар муддати зикршуда ин кишвар ҳудуди 21 ҳазор тонна пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ содир кардааст.Бинобар оморои Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 30 воҳиди бофандагӣ фаъолият мекунад, ки маҷмуи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тонна пахта дар сол аст.Ёдрас менамоем, тибқи омори ахир, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад.Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст.Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро шомил мешавад.
https://sputnik.tj/20220405/tojikiston-voridot-sodirot-1047374695.html
https://sputnik.tj/20220324/voridot-sodirot-guzorishi-moi-tojikiston-1047037466.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c12ad6a88f0e0d99fbdf6852da4e93a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нахи пахта, содирот, даромад, иқтисод
тоҷикистон, нахи пахта, содирот, даромад, иқтисод
Тоҷикистон аз фурӯши пахта беш аз 52 миллон доллар даромад гирифт
10:00 06.04.2022 (Навсозишуда: 12:41 06.04.2022) Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали имсол 52,2 миллион доллар пахта содир кардааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тибқи омори ахир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми фурӯши пахта аз назари вазн 21,5 дарсад коҳиш, аммо аз назари нарх 24 дарсад афзоиш доштааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”
Ба асоси оморои хадамоти гумрукии Тоҷикистон, дар муддати зикршуда ин кишвар ҳудуди 21 ҳазор тонна пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ содир кардааст.
Бинобар оморои Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 30 воҳиди бофандагӣ фаъолият мекунад, ки маҷмуи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тонна пахта дар сол аст.
Ёдрас менамоем, тибқи омори ахир, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.
Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро шомил мешавад.