Таъсирии манфии таҳримҳои зиддирусӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия эълон кардааст, ки таҳримҳо алайҳи Маскав ба кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё таъсири манфӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб алайҳи Русия ва Беларус, ки дар миқёси худ бесобиқа мебошанд, ба кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё таъсир манфӣ расонидаанд.
Михаил Евдокимов, мудири Департаменти якуми кишварҳои ИДМ Вазорати умури хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфтааст, ки кишварҳои “панҷгона" барои рафъи пайомадҳо талош доранд.

“Бешубҳа, маҳдудияти ғайриқонунии якҷонибаи Ғарб дар моҳҳои охир алайҳи Русия ва Беларус, ки дар доираи худ бесобиқа мебошанд, ба далели ҳамкории амиқи иқтисодӣ дар доираи бозори ягона наметавонист ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир нарасонад”, - гуфт ин дипломати рус.

Вай гуфт, таваҷҷуҳи асосии кишварҳои “панҷгона” ба чораҳои рафъи оқибатҳои манфии таҳримҳои Ғарб, таъмини бозори Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё бо колоҳои зарурӣ, ҳам саноат ва ҳам кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард
“Дар ин замина таъсири бештар дар ин раванд метавонад сиёсати воридотивазкунда дошта бошад", - таъкид кард Евдокимов.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели вазъи Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо эълон карданд, ки аз бозори Русия хориҷ мешаванд ва корхонаҳои истеҳсолии худ дар ин кишварро мебанданд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамзамон гуфта буд, ширкатҳои ғарбӣ аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, чун зери фишори шадид қарор доданд, аммо Русия тамоми мушкилотеро, ки Ғарб барои иқтисод эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0