https://sputnik.tj/20220311/khomanai-khalos-tahrim-kutoh-1046725240.html
Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард
Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари муаззами Эрон мегӯяд, кӯтоҳ омадан дар ҳар қудрат барои халосӣ аз таҳримҳоро зарба ба қудрати сиёсии кишвар хонд
2022-03-11T20:20+0500
2022-03-11T20:20+0500
2022-03-11T20:20+0500
дар ҷаҳон
эрон
сиёсат
оятуллоҳ хоманаӣ
сустӣ
таҳрим
қудрат
дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101690/09/1016900916_0:99:3000:1787_1920x0_80_0_0_0e8cbc4732643c3a7c85f66e54e80c53.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон, ақибнишинӣ дар баробари қудратҳо, аз ҷумла ИМА барои эмин мондан аз таҳримҳоро хатои бузург донист. Ба навиштаи "Парс тудэй" Хоманаӣ ин нуктаро дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ баён дошт. Вай афзуд, удрати миллӣ амри мураккабе мебошад, ки илм, фанноварӣ, тафаккур ва озодфикрӣ ҷузъи онанд, чун агар озодфикрӣ набошад, илм ва фанноварӣ роҳгушо нест. Қудрати дифоӣ, иқтисод, рифоҳи мардум, сиёсатварзӣ дар арсаи минтақаю ҷаҳон барои ҳифзи манофеи миллиро аз бозуҳои қудрати миллӣ арзёбӣ кардааст. "Қудрати миллӣ барои ҳар кишваре ҳаётӣ аст ва ҳар миллате агар истиқлол, сарафрозӣ, истифода аз манобеи ҳаётӣ бар мабнои иродаи худ ва истодагӣ дар муқобили хостаҳои дигарон мехоҳад, бояд қавӣ бошад", - таъкид кардааст Хоманаӣ. Ӯ иғвою ҷангҳои нарм ҳушдор дод, ки барои тахриби зеҳнҳои мардум равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари авҷи таҳримот алайҳи Русия бархе аз эҳтимоли суст шудани таҳримҳо алайҳи Эронро ҳадс зада буданд. Феълан дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ кардаанд, аз молӣ то энержию бонкиро фаро гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220311/oqibatho-dast-kashidan-gharb-mavod-khum-rusiya-1046717168.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101690/09/1016900916_227:0:2884:1993_1920x0_80_0_0_97db5794ac02b9d9fe70f662ea58ab57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хомонаӣ, халосӣ, таҳрим, кӯтоҳӣ
хомонаӣ, халосӣ, таҳрим, кӯтоҳӣ
Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард
Роҳбари Эрон мегӯяд, кӯтоҳ омадан дар баробари ҳар қудрат барои халосӣ аз таҳримҳоро зарба ба қудрати сиёсии кишвар аст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон, ақибнишинӣ дар баробари қудратҳо, аз ҷумла ИМА барои эмин мондан аз таҳримҳоро хатои бузург донист.
Ба навиштаи "Парс тудэй" Хоманаӣ ин нуктаро дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ баён дошт.
"Содалавҳонатар ва ношиёнатар аз пешниҳоди касе, ки мегӯяд, қудрати дифоиро барои ҳассос нашудани душман коҳиш диҳем, вуҷуд надорад", - таъкид намудааст ӯ.
Вай афзуд, удрати миллӣ амри мураккабе мебошад, ки илм, фанноварӣ, тафаккур ва озодфикрӣ ҷузъи онанд, чун агар озодфикрӣ набошад, илм ва фанноварӣ роҳгушо нест.
Қудрати дифоӣ, иқтисод, рифоҳи мардум, сиёсатварзӣ дар арсаи минтақаю ҷаҳон барои ҳифзи манофеи миллиро аз бозуҳои қудрати миллӣ арзёбӣ кардааст.
"Қудрати миллӣ барои ҳар кишваре ҳаётӣ аст ва ҳар миллате агар истиқлол, сарафрозӣ, истифода аз манобеи ҳаётӣ бар мабнои иродаи худ ва истодагӣ дар муқобили хостаҳои дигарон мехоҳад, бояд қавӣ бошад", - таъкид кардааст Хоманаӣ.
Ӯ иғвою ҷангҳои нарм ҳушдор дод, ки барои тахриби зеҳнҳои мардум равона шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари авҷи таҳримот алайҳи Русия бархе аз эҳтимоли суст шудани таҳримҳо алайҳи Эронро ҳадс зада буданд. Феълан дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ кардаанд, аз молӣ то энержию бонкиро фаро гирифтаанд.