https://sputnik.tj/20220414/rahmon-panjakent-tahrimot-zakhira-ghizo-1047659362.html
Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт
Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон бо ишора ба вазъи душвори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз сокинони кишвар даъват кард, ки бо истифода аз ҳар имкононт дар таъмини бозори дохилии кишвар саҳм бигиранд
2022-04-14T23:00+0500
2022-04-14T23:00+0500
2022-04-15T12:04+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
панҷакент
таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180743_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_eb69b32cb5d9d812569c44b9b551b186.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кулли деҳқонон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат намудааст, ки истифодаи оқилонаву самарабахши обу заминро таъмин намоянд.Зеро ба гуфти президент, вазъияти ниҳоят ноустувори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки ба масъалаи рушди кишварамон ва таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии мардумамон нигоҳи дурбинона дошта бошем.Ба гуфтаи ӯ, дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир бояд аз тамоми имкониятҳо, оқилона истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи дусолаи озуқавориро таъмин намоем.Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав эътибори аввалиндараҷа дода, нагузорем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ, махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ кашанд, таъкид мекунад раисҷумҳури кишвар.Президенти Тоҷикистон вазъияти имрӯзаи дунёро бисёр нобасомон хонда гуфтааст, ки ҷомеаи башарӣ дар яке аз солҳои вазнинтарину аз ҳар лиҳоз душвортарини таърихи худ қарор дорад.Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бар асари низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ, таҳримҳои молиявӣ, инчунин идомаи КОВИД–19, мушкилоти глобалии гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии он дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида, нархи тамоми навъҳои молу маҳсулот ва дар навбати аввал маҳсулоти озуқаворӣ қариб дар саросари ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта истодааст.Оқои Раҳмон дар чунин шарои барои дучор нашудан ба мушкилот аз сокинони кишвар хостааст, ки бештар имконоти мавҷударо истифода кунанду дасти ҳамдигарро бигиранд ва дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиву рӯзгор сарфаю сариштакор бошанд.
https://sputnik.tj/20220414/rahmon-panjakent-iftitoh-1047639807.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180743_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_58c3920c4f53bbdeeb37dfbd6105bc90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон панҷакент ҷаҳон таҳримот захира ғизо
раҳмон панҷакент ҷаҳон таҳримот захира ғизо
Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт
23:00 14.04.2022 (Навсозишуда: 12:04 15.04.2022) Президенти Тоҷикистон бо ишора ба вазъи душвори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз сокинони кишвар даъват кард, ки бо истифода аз ҳар имконе дар таъмини бозори дохилии кишвар саҳм бигиранд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кулли деҳқонон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат намудааст, ки истифодаи оқилонаву самарабахши обу заминро таъмин намоянд.
Зеро ба гуфти президент, вазъияти ниҳоят ноустувори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки ба масъалаи рушди кишварамон ва таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии мардумамон нигоҳи дурбинона дошта бошем.
"Илова ба мушкилоти зиёди амниятие, ки имрӯзҳо сокинони сайёра бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз қабили хушксолӣ, камобӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ вазъи мавҷударо боз ҳам печидатар мегардонад", - гуфтааст президент зимни суханронӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент .
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир бояд аз тамоми имкониятҳо, оқилона истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи дусолаи озуқавориро таъмин намоем.
Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав эътибори аввалиндараҷа дода, нагузорем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ, махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ кашанд, таъкид мекунад раисҷумҳури кишвар.
Президенти Тоҷикистон вазъияти имрӯзаи дунёро бисёр нобасомон хонда гуфтааст, ки ҷомеаи башарӣ дар яке аз солҳои вазнинтарину аз ҳар лиҳоз душвортарини таърихи худ қарор дорад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бар асари низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ, таҳримҳои молиявӣ, инчунин идомаи КОВИД–19, мушкилоти глобалии гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии он дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида, нархи тамоми навъҳои молу маҳсулот ва дар навбати аввал маҳсулоти озуқаворӣ қариб дар саросари ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта истодааст.
Оқои Раҳмон дар чунин шарои барои дучор нашудан ба мушкилот аз сокинони кишвар хостааст, ки бештар имконоти мавҷударо истифода кунанду дасти ҳамдигарро бигиранд ва дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиву рӯзгор сарфаю сариштакор бошанд.