Аз мактабу меҳмонхона то зоишгоҳу майдони парчам: Раҳмон дар Панҷакент чиро ифтитоҳ кард?

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корияш ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ вориди шаҳри Панҷакент шуд. Интизор меравад, сафари президент дар ин вилоят се рӯз идома ёбад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои нави мактаби рақами 47 ба номи Спитаменро ба истифода дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин бино сеошёна буда, барои 806 хонанда дар ду баст бо харҷи 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Зимнан роҳбари давлат дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаи "Панҷакент плаза" низ ширкат кард. Ин меҳмонхона аз сӯйи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов сохта шудааст. Дар меҳмонхона ҳамакнун 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Рахмон строительство нового предприятия на базе Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Раҳмон ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тило оғоз бахшид
Манбаъ меафзояд, пас аз ба истифода додани меҳмонхона роҳбари давлат бо 100 нафар ятим аз Панҷакенту Айнӣ, Мастчоҳу Шаҳристон ва Деваштиҷи вилояти Суғд мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим кард.
Дафтари матбуотии президент ҳамчунин аз ифтитоҳи бинои таваллудхонаи шаҳрӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
Гуфта мешавад, иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шудааст ва имкони ҷо додани 80 нафар зан бо кӯдакони навзодашонро дорад.

"Бо ба истифода додани бинои замонавии таваллудхона барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 нафар табиб, 57 нафар корманди миёнаи тиб ва 27 нафар корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд", - омадааст дар хабари дафтари матбуотии президент.

Гузашта аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакент майдони парчами давлатиро низ ба истифода дод. Майдони парчам дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардидааст.
Дар майдони назди парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст, - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки сохтмони иншооти мазкур аз моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд.
Маврид ба зикр аст, ки сафари роҳбари давлат ба вилояти Суғд субҳи рӯзи 14 апрел оғоз ёфт ва қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон то се рӯзи дигар меҳмони ин вилоят шавад.
Лентаи хабарҳо
0