https://sputnik.tj/20220414/korshinos-marz-tojikiston-qirghiziston-1047660021.html
Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард
Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Олим ба самаранокии усулҳои гуфтушуниди тарафҳоро шубҳа карда, роҳи беҳтарини ҳалли мушкили мубрамро пешниҳод кард
2022-04-14T23:40+0500
2022-04-14T23:40+0500
2022-04-15T12:13+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
баҳси марзӣ
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135967_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_899dac00a7ff7fcebf9e3cdb6982b61d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳалли манфиатҳои шахсӣ дар сарҳад бо даргириҳо ҳеҷ гоҳ натиҷае нахоҳад дод. Дар ин бора доктори илми ҳуқуқ, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов изҳори назар кард. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ёддошту қарордодҳои имзошуда гоҳ-гоҳ аз бесамар будани онҳо шаҳодат медиҳанд. Коршинос бар ин назар аст, ки мушкили марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо ширкати сиёсатмадорони воломақом метавонад якбора ҳал шавад.Ба гуфтаи Ҳакимов, чунин бархӯрд ба ҳамсуҳбатон имкон медиҳад, ки ба ҳалли чунин як масъалаи мушкил “самимонатар ва поквиҷдонона” бархӯрд кунанд.Ёдовар мешавем, ки 12 апрел, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти "Зафар"-и Хистеварз, дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.Сабаби муноқишаи мусаллаҳона ҷанги лафзӣ миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда ва марзбонони тоҷик будааст.Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ҷароҳати ду нафари онҳо сангин гуфта мешавад.Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон як қурбонӣ низ доштааст.
https://sputnik.tj/20220413/tojikiston-nomu-nasabi-sarbozi-kushtashuda-elon-1047613966.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135967_84:0:805:541_1920x0_80_0_0_7122755d5369fc62ba6b882ca30eddb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос сулҳ пойдор марз тоҷикистон қирғизистон
коршинос сулҳ пойдор марз тоҷикистон қирғизистон
Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард
23:40 14.04.2022 (Навсозишуда: 12:13 15.04.2022) Олим ба самаранокии усули гуфтушуниди тарафҳоро шубҳа карда, роҳи беҳтарини ҳалли мушкили мубрамро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳалли манфиатҳои шахсӣ дар сарҳад бо даргириҳо ҳеҷ гоҳ натиҷае нахоҳад дод.
Дар ин бора доктори илми ҳуқуқ, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов изҳори назар кард.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ёддошту қарордодҳои имзошуда гоҳ-гоҳ аз бесамар будани онҳо шаҳодат медиҳанд.
Коршинос бар ин назар аст, ки мушкили марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо ширкати сиёсатмадорони воломақом метавонад якбора ҳал шавад.
"Фикр мекунам, вақте на дар сатҳи раҳбарони марказҳои маъмурии ду шаҳри наздимарзӣ, баки мулоқотҳо дар сатҳи баландтаре баргузор мешаванд, ки аз ҷониби ҳукумат ва порлумони ду кишвар таъсис дода шудаанд, самараноктаранд", - гуфт сиёсатшинос.
Ба гуфтаи Ҳакимов, чунин бархӯрд ба ҳамсуҳбатон имкон медиҳад, ки ба ҳалли чунин як масъалаи мушкил “самимонатар ва поквиҷдонона” бархӯрд кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 12 апрел, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти "Зафар"-и Хистеварз, дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.
Сабаби муноқишаи мусаллаҳона ҷанги лафзӣ миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда ва марзбонони тоҷик будааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ҷароҳати ду нафари онҳо сангин гуфта мешавад.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон як қурбонӣ низ доштааст.