https://sputnik.tj/20220413/tojikiston-nomu-nasabi-sarbozi-kushtashuda-elon-1047613966.html
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти кишвар таъйид карданд, ки дар пайи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як марзбони тоҷик 27-солаи тоҷик баъд аз ҷароҳати сангин дар бемористон даргузашт
2022-04-13T16:08+0500
2022-04-13T16:08+0500
2022-04-13T19:51+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
ҳалокат
сарбоз
суғд
муноқиша
тирпаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/33/1028473341_0:0:3017:1697_1920x0_80_0_0_cbc2bd3886613f55340d165acaf08142.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Зоир Саидумарови 27-сола, сержанти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар тирпаронии шоми 12-уми апрел ҷароҳати сангин бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, ин марзбон сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва дар муноқишаи навбатӣ аз ноҳияи шикам ва китфаш захм бардошта, дар бемористон даргузаштааст.Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳалӣ хабар доданд, ки сарбози ҷонбохта дар муноқишаи марзӣ аллакай дар зодгоҳаш ба хок супурда шудааст.Маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шудааст. Дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҳам хабар доданд, дар натиҷаи тирпаронӣ ду шаҳрванди ин кишвар осеб дидааст.Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди ғайринизомии Қирғизистон захм бардоштаанд.Ёдрас менамоем, ки тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.
https://sputnik.tj/20220413/bozgashti-neruhoi-ilovagi-az-marz-ba-mintaqahoi-istiqrori-doimii-khud-1047603817.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/33/1028473341_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a09432b9eb71b7d2813959cf4235e93f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марзбон, сарбоз, кушташуда, мақомот бемористон, ҳалокат, марг
тоҷикистон, марзбон, сарбоз, кушташуда, мақомот бемористон, ҳалокат, марг
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
16:08 13.04.2022 (Навсозишуда: 19:51 13.04.2022) Мақомоти Тоҷикистон таъйид карданд, ки дар пайи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як марзбони 27-солаи тоҷик баъд аз бардоштани ҷароҳатҳои сангин дар бемористон даргузаштааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Зоир Саидумарови 27-сола, сержанти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар тирпаронии шоми 12-уми апрел ҷароҳати сангин бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ин марзбон сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва дар муноқишаи навбатӣ аз ноҳияи шикам ва китфаш захм бардошта, дар бемористон даргузаштааст.
“Ӯ ҳамон лаҳза ба беморхона интиқол ёфт, аммо мутаасифона, ба ҳалокат расид”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳалӣ хабар доданд, ки сарбози ҷонбохта дар муноқишаи марзӣ аллакай дар зодгоҳаш ба хок супурда шудааст.
Маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шудааст. Дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҳам хабар доданд, дар натиҷаи тирпаронӣ ду шаҳрванди ин кишвар осеб дидааст.
Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди ғайринизомии Қирғизистон захм бардоштаанд.
Ёдрас менамоем, ки тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.